Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид

Декабрь 8, 2025 09:18

ФАЙЗОБОД, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия (9 декабр) дар ноҳияи Файзобод бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар мавзуи «Дастовардҳои миллӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар конференсия доир ба мавзуъҳои «Мубориза бо коррупсия-кори дастҷамъӣ», «Заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди коррупсия», «Дастовардҳои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба гурӯҳҳои ноҳияҳои Рашт дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва таъсири он ба ифротишавии ҷомеа», «Рушди қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия» ва «Зуҳуроти номатлуби коррупсия ва оқибатҳои хатарноки он ба сулҳ, амният ва суботи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» маърузаҳо манзур гардиданд.

9 декабри соли 2003 Конвенсияии Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба имзо расида, ин рӯз аз ҷониби ин созмон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия эълон гардид. Дар айни замон ин конвенсияро 140 давлат ба имзо расонида, 80 кишвари дигар тасдиқ намудаанд. Дар байни тасдиқкунандагон, ки ҳамзамон аъзои он низ мебошанд, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус ва Латвия ҳастанд. Ин шартномаи байналмилалӣ чораҳоро барои пешгирии фасод, ҷазо додани гунаҳкорон, ҳамчунин раванди ҳамкории байналмилалиро дар мубориза бо он дар бар мегирад. Конвенсия давлатҳои аъзоро барои гузаронидани сиёсати зиддикоррупсионӣ, қабули қонунҳои мутобиқ ба он ва равона намудани мақомоти махсус барои мубориза бо ин зуҳурот вазифадор менамояд.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт Дилшод Акобирзода иброз дошт, ки «дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошта, барои пешгирии он тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва мубориза бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.

Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 феврали соли 2022) коррупсияро кирдори хатарноки зиддидавлатӣ номида, таъкид доштанд, ки ин амали нангин обрӯи давлатро дар дохил ва хориҷи мамлакат коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд. Аз ин хотир мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва амнияти давлатӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ номида, бар зидди он муборизаи беамон эълон намуданд.

Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд иштирок намоянд.

Субҳониддини Маҳмуд,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад