Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори сарфароз гардидани Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиши илмӣ–назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой барои дастовардҳои бузург дар самти пешгирии ҷангҳо, таъмини амнияти умумӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи башар, пешгирии мусаллаҳшавии бошиддат, таҳкими демилитаризатсия, рушди демократия ва гуманизм, фаъолияти сулҳофарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дода мешавад.
Таъкид гардид, ки фаъолияти сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат пурра ба меъёрҳои ин ҷоиза мувофиқ буда, таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳ имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи байналмилалӣ эътироф карда шудааст.
Дар идомаи ҳамоиш маърузаҳои илмӣ бахшида ба таҳлили эътирофи байналмилалии Пешвои миллат шунида шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм таъсис дода шавад.
Дар интиҳои ҳамоиш масъалаи сулҳи тоҷикон ва модели нави сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон, ки бар пояи муколама, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ асос ёфтааст, метавонад ҳамчун намунаи муассир барои ҳалли низоъҳо дар дигар минтақаҳои ҷаҳон хизмат намояд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






