Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 19 декабр дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок дорад.
Саммит ҳамоиши сатҳи баланд буда, дар мавзуи «Барқарор кардани тавозун: Илм ва амалия барои саломатӣ ва некуаҳволӣ» мегузарад. Он ба пешбурди нақши тибби анъанавӣ дар низомҳои тандурустӣ ва рушди фарогир бахшида шудааст.
Дар ҳамоиш иштирокдорон таҳқиқот дар соҳаи тибби анъанавӣ ва ҳамгироии он бо низомҳои тандурустӣ, васеъ намудани дониши категорияҳои гуногун дар чаҳорчӯбаи дастгирии байналмилалии тибби анъанавӣ ва амалҳои онҳо барои ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли тибби анъанавӣ, таъмини мубодилаи таҷриба байни масъалаҳои гуногуни сиёсат ва амалия, таҳқиқот ва навоварӣ дар соҳаи тибби анъанавӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






