Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф, рушди барномаҳои таълимии забонҳо, табодули академӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони ҳиндӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зимни вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҷеш Уики бо ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ имконияти ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба барномаҳои табодули таҷриба, ташкили даврҳои омӯзишӣ, ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштарак ва чорабиниҳои фарҳангиро муҳокима намуда, барои таҳкими ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ карданд.
Жило Гулназарзода дар вохӯрӣ доир ба фаъолияти ихтисоси забони ҳиндӣ, ҷалби донишҷӯён барои таҳсили кӯтоҳмуддат ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва такмили ихтисоси як гурӯҳ омӯзгорони забонҳои ҳиндӣ ва англисӣ дар донишгоҳ иттилоъ дод.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки соли 2025 омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат»-ро ба забони ҳиндӣ тарҷума ва ба табъ расониданд. Роҷеш Уики аз ин иқдом истиқбол намуда, барои зиёд намудани шумораи донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳои ITEC ва ICCR пешниҳоди мушаххас намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба Сафири Ҳиндустон нусхаи тарҷумаи ҳиндии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






