Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 21, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ташаббусҳои глобалӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар марҳалаи нави рушди мамлакат буда, масъалаҳои рушди устувори иқтисод, таҳкими сиёсати иҷтимоӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди илму маориф, дастгирии занону ҷавонон, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосирро ба таври мушаххас дар бар мегирад.

«Ҳамзамон дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии тамоми фаъолият, беҳтар намудани заминаҳо барои таҳсили фарогир, ахлоқи ҷамъиятӣ, тарбияи инсони комил, эҳтироми падару модар ва боло бурдани мақому манзалати зан-модар ҳамчун пояи устувори ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамзамон андешаву роҳнамоиҳои ҳакимонаву ояндасози Пешвои миллат ҷомеаро ба сӯйи худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, зиндагии шоиста ва рушди инсонгароёна ҳидоят менамоянд», — таъкид намуд Мунир Сафарзода.

Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паём-роҳнамои ояндасоз дар масири худшиносӣ» ва «Нақши Президент дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа» маърузаҳо пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, таҳкими таҳлили илмии равандҳои давлатдорӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷомеаи илмӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, дар он Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамои рушди устувор ва ояндасоз нақши ҳалкунанда мебозад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Декабрь 21, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид