Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба маърифати молиявии аҳолӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Декабрь 13, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи «Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ» эълон гардидани солҳои 2025–2030 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, конференсияи байналмилалӣ дар чор бахш доир шуда, дар он беш аз 140 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷи мамлакат  маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки «дар марҳалаи муосири рушди иҷтимоию иқтисодӣ муаммои саводнокии молиявии аҳолӣ хеле муҳим гардидааст. Агар дар ибтидои асри ХХ яке аз шартҳои саноатикунонӣ аз байн бурдани бесаводии аҳолӣ ба ҳисоб мерафт, пас дар ибтидои асри XXI саводнокии молиявӣ шарти ташаккули ҷомеаи баъдисаноатӣ мебошад».

Ҳамчунин иброз шуд, ки афзоиши саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки барои пешрафти иқтисодиёт ва рушди бонкдорӣ боис мешавад.

Афзоиши саводнокии молиявии аҳолӣ дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ  гардида, мутобиқи он дар назди вазорату идораҳои дахлдори давлат амалигардонии тадбирҳои муҳим барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум дар назар дошта шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Декабрь 13, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд