Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ-тарғиботӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи технологӣ Зоир Раҳмонзода доир ба шарҳу эзоҳи муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки ин санади муҳими сиёсӣ ва роҳнамо самтҳои афзалиятноки рушди мамлакатро дар марҳилаи нави пешрафт муайян менамояд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, такмили соҳаи маориф, густариши иқтисоди «сабз», таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
«Рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи замон нақши калидӣ дорад. Соҳаи маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувор бояд ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва дорои тафаккури инноватсионӣ равона карда шавад»,-гуфт Зоир Раҳмонзода.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки иқтисоди «сабз» ва рушди соҳаи энергетика аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб шуда, татбиқи онҳо на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури роҳнамо барои ҷомеаи илмӣ ва омӯзгорону донишҷӯён хизмат намуда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди соҳаи маориф ва пешрафти устувори ҷумҳурӣ боз ҳам бештар мегардонад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






