Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Декабрь 23, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём-роҳнамо ба сӯйи фардо» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои рушди устувори давлат ва ҷомеа», «Маориф аз самтҳои асосӣ» ва «Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди соҳаи саноат» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, рушди босуръати саноатикунонии мамлакатро тақозои рӯз номиданд.

Дар ҳақиқат,  саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриамонро аз бисёр ҷиҳат ба давлати воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Аз ҷониби дигар, ба ин восита ҷойи нави кор пайдо шуда, шароити зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ки ин бар нафъи шаҳрвандон мебошад.

«Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои бузург вазифаи омӯзгорон мебошад. Зеро аҳли зиё бояд дар рушди ватани азизамон, баланд бардоштани мақоми шаҳрванд дар ҷомеа ва сатҳу сифати маориф саҳми асосӣ гузошта, дар ин ҷода сидқан фаъолият намоянд»,-иброз гардид дар ҷамъомад.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд