Дар Душанбе ҷаласаи хадамоти ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

Декабрь 10, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 39-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ роҳбарон ва коршиносони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони шуъбаи ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами соҳаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва оид ба онҳо табодули афкор намуданд.

Ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи башар (10 декабр) баргузор гардида, ба иштирокчиён оид ба қатънома таҳти унвони «Манифести Куруш: Оинномаи барвақт оид ба ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид (UNESCO) 6 ноябри соли 2025 қабул шудааст, маълумот дода шуд.

Аҳамияти таърихӣ ва маънавии Манифести Куруш ҳамчун яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои башардӯстӣ, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро эълон мекунад, таъкид карда шуд. Он саъю кӯшишҳои бефосилаи бунёди низоми идоракуниро инъикос мекунад, ки ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии давоми ҳазорсолаҳо ҷамъшуда асос ёфтааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд