Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода ва дигар вакилон бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун идомаи мантиқии паёмҳои солҳои гузашта қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ин санади муҳим ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда то соли 2030 баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсондӯстона ва фарҳанги баланд мебошад. Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Вакилон доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз 1 сентябри соли 2026 бо назардошти имконияти имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ зиёд намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ба интихобкунандагон маълумот манзур намуданд.
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардуми мамлакат пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






