Дар Сеул либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карда шуданд

Декабрь 19, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Либосҳои тоҷикӣ дар чорабинии фарҳангӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ки  бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Сеул ва маҷаллаҳои Корея Ҳералд ва Йеданг Медиа баргузор гардид, муаррифӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик либосҳои миллиро муаррифӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки чакан гулдӯзии оддӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёр адибони гузашта маълумот дарҷ гардидааст. Ҳар нақшу нигори волои чакан ба худ маъние дошта, соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» расман ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Сафорат пайваста бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, бахусус эҳёи ҳунари гулдӯзии тоҷикон ва муаррифии таъриху фарҳанги ғаниамон дар кишвари иқомат дар фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Декабрь 19, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд