Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят иншооти таъйиноти гуногун бо фароҳам овардани ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар дӯконҳои фурӯши гулу армуғон барои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷию дохилӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дӯконҳои фурӯши гулу армуғон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағи умумии 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дар онҳо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои миллӣ ва маҳсулоти ороишӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Ин иқдом ба рушди ҳунарҳои миллӣ, боло бурдани ҳисси зебоипарастӣ дар ҷомеа ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ мусоидат менамояд. Бо ба истифода додани дӯконҳои фурӯши гулу армуғон 16 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Инчунин дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Бохтар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ошхонаи миллӣ барои пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла гулмоҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ошхонаи миллӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он барои 150 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб фароҳам оварда шудааст.
Гуфта шуд, ки бунёди чунин иншооти хусусӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари сиёсати созандаи Пешвои миллат дар самти рушди инфрасохтор, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойи нави кор ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафар ба шаҳри Бохтар 7 техникаи коммуналӣ ҳадя карда шуд, ки ба беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, ободонӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр мусоидат менамояд.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази савдои «Марворид» расман мавриди истифода қарор дода шуд. Марказ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо дастгоҳу масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд гардида, дар он беш аз 1000 номгӯй маҳсулот пешниҳод шудааст. Ин иқдом ба беҳтар гардидани дастрасии сокинон ба лавозимоти зарурии сохтмонӣ мусоидат намуда, талаботи рӯзмарраи шаҳрвандонро қонеъ мегардонад.
Инчунин дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳр корхонаи нави истеҳсоли бетон мавриди истифода қарор дода шуд. Ин корхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» бо маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои таъсиси 20 ҷойи кори доимӣ пешбинӣ шудааст. Дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 3000 сомонӣ ба кор ҷалб гардида, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ин иқдом ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва рушди саноати маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 мавриди истифода қарор дода шуд. Ин бинои иловагӣ барои 700 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардида, бо маблағи 2 миллиону 900 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Иншоот бо тамоми шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои барҳаво, таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва шароити мусоид барои омӯзгорону хонандагон таъмин мебошад.
Фароҳам гардидани чунин имконият ба ҳалли мушкили норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур мусоидат намуда, барои фаро гирифтани наврасон ба таҳсил дар фазои мувофиқ заминаи мусоид гардидааст.
Дар кӯчаи ба номи А. Ҷаборови шаҳраки Дӯстӣ Маркази ёрии таъҷилии ноҳияи Ҷайҳун ба истифода дода шуд. Маркази мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо маблағи 788 ҳазору 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо шароити муосири корӣ таъмин мебошад. Иншоот бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он барои расонидани кумаки саривақтӣ ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ба истифода додани Маркази ёрии таъҷилии ноҳияи Ҷайҳун қадами муҳим дар роҳи таҳкими инфрасохтори соҳаи тандурустӣ буда, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва таъмини солимии аҳолии ноҳия мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






