Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад

Декабрь 11, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол дастаи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода дар бозиҳои гузаришӣ тибқи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи «Хулбук»-и ноҳияи Восеъро мағлуб карда, дар мавсими оянда ҳуқуқи ҳунарнамоӣ дар Лигаи олии Тоҷикистонро ба даст овард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи «Сардор»-бошгоҳи Турсунзода, ки соли 2022 таъсис ёфтааст, бори аввал дар таърихи худ дар Лигаи олии Тоҷикистон иштирок мекунад.

Ҳамин тариқ, «Сардор» дувоздаҳумин дастае шуд, ки дар чемпионати Лигаи олии Тоҷикистон-2026 иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин «Парвоз», ки ғолиби Лигаи якум-2025 гардидааст, ба Лигаи олӣ роҳ ёфт.

Тибқи натиҷаҳои мавсими футболи 2025 дастаҳои «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Панҷшер»  (Ҷалолиддини Балхӣ) Лигаи олиро тарк намуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад