Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд

Декабрь 4, 2025 10:40

ҲИСОР, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  3 декабр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори иҷрои муваффақонаи нақшаи ҷамъоварии ҳосили  пахта дар соли 2025 ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд котиби матбуоти раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва шаҳри Ҳисор  ба деҳқонон барои сари вақт ҷамъ овардани ҳосили пахта миннатдорӣ баён намуданд. Иброз гардид, ки соли 2025 пахтакорони шаҳри Ҳисор  дар 741 гектар чигит кишт намуда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 23,6-сентнерӣ ва дар баъзе хоҷагиҳо то 30-40- сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд.

Зимни ҳамоиш ёдоварӣ гардид, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия — шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он аз ҷониби ин созмон ба дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ, ки ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд, Сертификати байналмилалии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) тақдим карда шуд.

То имрӯз аз минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ танҳо 12 иншоот дар 5 давлат- Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия ба ин  феҳрист дохил карда шудаанд. Дараи Алмосӣ низ ба ин рӯйхат дохил шуд, ки пуле байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.

Ҳамзамон аснои тақдими Сертификати байналмилалии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба раиси шаҳри Ҳисор иброз гардид, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи аслии Сертификат дар Осорхонаи миллӣ ва нусхаҳои дигар дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва шаҳри Ҳисор нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиш ба як зумра кишоварзон, аз ҷумла ба аъзои ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Латиф Муродов”, “50-солагии Октябр”, хоҷагиҳои пешқадами ҷамъиятию деҳқонии пахтакор, хоҷагиҳои таҷрибавӣ, ҷамоатҳои деҳоти пахтакор, ба беҳтарин бригадир, механизатор, обмон, чинакчӣ, инчунин муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ барои ҷалби муташаккилонаи чинакчиён дар ҳашарҳои умумӣ ва ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси пайвастаи заҳмати пахтакорон дар радиою телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ “Сипоснома” ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 4, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад