Доир ба муаммо ва дурнамои илми методикаи таълим дар раванди ҷаҳонишавӣ конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 декабр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Муаммо ва дурнамои илми методикаи таълим дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди инноватсионӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иттилоъ доданд, рушди инноватсионӣ раванди амалӣ намудани тағйироти сифатан нав дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла маориф ва илми методика мебошад. Методика маънои гузариш аз усулҳои анъанавӣ ба технологияҳои пешрафта ва методҳои фаъоли омӯзишро дошта, талаб мекунад, ки муаллимон доим дониши худро такмил диҳанд ва аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи педагогика истифода баранд.
Таълими босалоҳияти фанҳо ҳам барои мактабҳои олӣ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маориф мебошад.
Дар мавзуъҳои «Мавқеи забони адабӣ дар такмили фарҳанги нутқи муҳассилин» ва «Мақоми асарҳои саҳнавӣ дар барномаҳои замони Истиқлол» маърузаи илмӣ пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






