Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар конференсия таъкид гардид, ки таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи басе ҳассоси таърихи ҷумҳурӣ ҳамчун неруи муттаҳидсозу роҳнамо барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ хизмат кардааст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизбро ба мактаби созандагиву бунёдкорӣ табдил дода, маҳз бо ин сиёсати дурандешона Тоҷикистон ба марҳалаи устувори рушд ворид гардид.
Дар конференсия нақши ҳизб дар таҳкими иқтидори иқтисодии ноҳия, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, рушди маорифу тандурустӣ, пешрафти кишоварзӣ ва ободсозии инфрасохторӣ хеле муҳим арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоии сиёсати давлат ва ҳизб ноҳияи Мастчоҳ солҳои охир ба минтақаи босуботу пешрафта табдил ёфтааст. Корҳои бунёдкорию созандагӣ- аз роҳсозиву бунёди иншооти таълимиву тиббӣ то беҳсозии муҳити зист ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ки имрӯзҳо бо суръати бесобиқа идома доранд, ин ҳама натиҷаи дастгирӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти мамлакат мебошад.
«Таҳти роҳнамоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ шудани барномаҳои ҳизбӣ ҷомеа бештар муттаҳид шуда, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани инсон ва зиндагии шоистаи ӯ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Ҳизб ҳамеша ба мардум такя карда, дар баробари тарғиби сиёсати давлат дар тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди ҳисси масъулиятшиносӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ дар байни аҳолӣ саҳми назаррас мегузорад»,-иброз гардид дар конференсия.
Дар фарҷом ба як зумра фаъолон барои саҳми арзанда дар корҳои идеологӣ ва тарғиби идеяҳои ҳизб Сипоснома ва Ифтихорнома тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






