Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 9, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парламент ва рушди инноватсия: заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳамоиш таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2025–2030» доир карда шуд.

Азиз Гиёзода таъкид кард, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унсури муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфта, то соли 2030 саҳми технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз 60 дарсад хоҳад шуд. Инчунин зарурати такмили қонунгузорӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷалби сармояи нав ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардиданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Муҳаммадулло Шерализода нақши парламентро дар ташаккули муҳити мусоид барои инноватсия ва рақамикунонӣ муҳим хонд. Таъкид шуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ танҳо ворид намудани технологияҳо нест, балки талаб менамояд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва инфрасохтори техникӣ   ба таври ҳамоҳанг рушд ёбанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ