Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парламент ва рушди инноватсия: заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳамоиш таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2025–2030» доир карда шуд.
Азиз Гиёзода таъкид кард, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унсури муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфта, то соли 2030 саҳми технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз 60 дарсад хоҳад шуд. Инчунин зарурати такмили қонунгузорӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷалби сармояи нав ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардиданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳаммадулло Шерализода нақши парламентро дар ташаккули муҳити мусоид барои инноватсия ва рақамикунонӣ муҳим хонд. Таъкид шуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ танҳо ворид намудани технологияҳо нест, балки талаб менамояд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва инфрасохтори техникӣ ба таври ҳамоҳанг рушд ёбанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






