ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед

Декабрь 10, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2025 ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ (меъёр аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст (меъёр дар минтақаҳои кӯҳӣ 1-7 дараҷа хунук, дар баландкӯҳҳо 14-16 дараҷа хунук) пешгӯӣ карда шудааст. Ҳаво дар водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-8 дараҷа хунук ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ 15-17 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

— Бо хунук шудани ҳаво сокинони деҳот ва минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои гарм кардани хонаҳояшон аз ангишт истифода мебаранд. Барои аксар сокинони мамлакат ангишт яке аз воситаҳои дастрас ва маъмул барои гармидиҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дастрасӣ ба барқ, газ ё дигар сӯзишворӣ дар маҳалҳои дурдаст маҳдуд аст. Ҳарчанд ангишт метавонад гармиро таъмин кунад ва дар фасли сармо ҳаёти мардумро осон гардонад, вале истифодаи нодуруст ва беэҳтиётона нисбат ба он метавонад оқибатҳои хеле хатарнок дошта бошад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм намудани хона аввал бояд бухории мувофиқ интихоб намуд. Инчунин талаботи ҳавокашии қубури дудбаро бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза таъмин гардад. Мутаассифона, баъзе одамон ба қоидаҳои дуруст истифода бурдани ангишт эътибор намедиҳанд.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, давоми чанд рӯзи охир дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар натиҷаи истифодаи нодурусти ангишт дар бухориҳои хонагӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, заҳролудшавӣ, аз ҷумла ба ҳалокат расидани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.

Ангиштро барои гарм кардани хонаҳо дуруст истифода баред!

Тибқи тавсияи мутахассисон, пеш аз истифода бурдани ангишт барои гармидиҳии манзил шаҳрвандон бояд якчанд талаботи муҳимро ба назар гиранд. Зеро на ҳар бухорӣ барои истифодаи ангишт мувофиқ аст. Бисёре аз бухориҳое, ки дар деҳот истифода карда мешаванд, барои сӯзишвории дигар (масалан, ҳезум) сохта шудаанд ва дар мавриди сӯзонидани ангишт хатари ихроҷи газ ва дуд ба хона зиёд мешавад. Насби бухорӣ бояд аз ҷониби мутахассиси соҳа анҷом дода шавад, то кафолати амният таъмин гардад.

Агар дар дохили бухорӣ ангишти носӯхта боқӣ монад, беҳтар аст он комилан хомӯш карда шавад. Зеро оташ метавонад шабона ба таври оҳиста бисӯзад ва гази карбон хориҷ кунад. Дар бисёре аз ҳолатҳо заҳролудшавӣ маҳз шабона рух медиҳад. Аз харидорӣ намудани ангишти пастсифат, ки миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунанда дорад, худдорӣ кунед. Зеро он миқдори зиёди газҳо ва заррачаҳои хатарнокро ба ҳаво хориҷ мекунад.

Дудбаро бояд пайваста тоза карда шавад. Агар кашиши дудбаро суст бошад, дуди бухорӣ ба дохили хона ворид шуда, боиси ихроҷи гази заҳрнок мегардад. Ҳамчунин бояд мунтазам ба хона, махсусан шабона ҳавои тоза ворид шавад. Ин роҳи самараноки коҳиши эҳтимолии заҳролудшавӣ мебошад.

Дуди ангишт ба саломатии инсон зарар дорад!

Ба иттилои мутахассисони соҳа, аксар ҳолатҳои заҳролудшавии мардум дар фасли сармо маҳз бо газҳои хатарноке ба вуҷуд меоянд, ки ҳангоми сӯхтани ангишт ба ҳаво хориҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, монооксиди карбон (CO) — гази беранг ва бебӯй, вале хеле заҳрнок яке аз манбаъҳои асосии заҳролудшавии шадиди нафасӣ мебошад. Он ба гемоглобини хун мепайвандад ва интиқоли оксигенро қатъ мекунад. Диоксиди сулфур (SO₂) ва оксидҳои нитроген (NOₓ) боиси илтиҳоби роҳҳои нафас ва сулфаи музмин мешаванд. Заррачаҳои майда (PM2.5) ба шуш ворид шуда, ба гардиши хун гузашта, саломатии дилу раг ва мағзро халалдор месозанд. Моддаҳои саратонзо (PAH) низ сабабгори саратонҳои роҳҳои нафас ва узвҳои дохилӣ мегарданд.

Дуди ангишт барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Он на танҳо ҳаворо ифлос мекунад, балки метавонад сабаби марг низ гардад. Рӯй овардан ба усулҳои бехатари гармидиҳӣ ва нигоҳ доштани тозагии ҳаво — кафили ҳаёти солим ва муҳити зисти тоза аст. Аз ин рӯ дар ҳама ҳолат инсон бояд эҳтиёткор бошад. Эҳтиёткорӣ кафили амнияти ҷонӣ ва саломатии инсон мебошад.

Нишонаҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт кадомҳоянд?

Нишонаҳои умумии заҳролудшавӣ ё таъсири манфии моддаҳои хатарнок ба организми инсон дард ва чарх задани сар, хоболудӣ, беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, душвории нафаскашӣ ва дар ҳолатҳои шадид беҳушшавӣ мебошанд.

Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар навбати аввал шахси заҳролудшударо бояд ба ҳавои кушод бароред. Тирезаю дарҳоро кушоед ва воридшавии ҳавои тозаро дар хона таъмин намоед. Ба рақамҳои 03 ё 112 занг занед. Агар шахс беҳуш бошад, ӯро ба паҳлу хобонида, роҳҳои нафасро боз нигоҳ доред.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 10, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Конибодом тақдим карда шуд
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд