Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии СААД иштирок намуд

Декабрь 8, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз оғози таъсис дар амалӣ намудани нақша, вазифаҳо ва талаботи Оиннома ба  дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Қабули беш аз сад санади модели қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо оид ба ҳамгунсозии соҳаҳои алоҳидаи қонунгузорӣ аз самаранокии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дарак медиҳад.

«Бо мақсади такмил додани фаъолияти Ассамблеяи парламентӣ пешниҳод менамоем, ки дар давраи ҷашни бистсолагии таъсиси Ассамблеяи парламентӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар самти ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои аъзо мавриди таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ қарор диҳем. Зарур аст, ки назорати иҷрои қарорҳои марбут ба фаъолияти сулҳпарварӣ, амнияти киберӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир густариш ва табодули гуманитарӣ ва маърифатӣ барои ташаккули фарҳанги умумии амният рушд дода шавад», -пешниҳод намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути таҳкими эътимод, ҳамбастагӣ ва дастгирии мутақобил метавон ба таври муассир ба таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир муқовимат намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ