«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 94 нафар ғолиб гардид

Декабрь 4, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар ғолиб  гардида, чор нафари онҳо соҳиби Шоҳҷоиза шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Натиҷаи озмун нишон медиҳад, ки ба озмун кӯдакон ва наврасон бештар таваҷҷуҳ намуда, ба китобу дониш рӯ овардаанд. Ғолибияти 57 нафари онҳо дар даври ниҳоии озмун гувоҳи ин гуфтаҳо аст. Аз ҷумла, 3 гирандаи Шоҳҷоиза хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳастанд. Ба ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез – китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад.

«Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд», -изҳор намуд муовини Сарвазири Тоҷикистон.

Имсол зиёд гардидани маблағҳои ҷоизаҳои ғолибони озмун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа замина гузошт.

Ба таъкиди Дилрабо Мансурӣ, иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа муҳаббат ва самимияти мардуми мамлакатро ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода намуда, эҳёи рисолати аҷдодии китобдӯстиву китобхониро таъмин кард. Хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо шавқу завқ ва муҳаббат ба китоб рӯй меоранд, ки ин падидаи нек сазовори дастгирӣ аст.

Иттилоъ дода шуд,  ки имсол дар даври ниҳоии озмун 434 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ буданд ва ба таври маҷозӣ (онлайн) ба саволҳои ҳайати ҳакамон посух доданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Натиҷаҳои шаш соли баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ далели равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба китоб ва дониш мебошанд.

Дар давраи солҳои 2019 то 2024 дар озмун 1 миллиону 153 ҳазору 616 нафар иштирок намуданд.

Аз ин шумора 772 ҳазору 923 нафар ё 67 фоиз занону духтарон мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки озмун дар тарғиби дониш, рушди маърифати хонавода ва боло бурдани мақоми занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд