Гузориши даврии Тоҷикистон дар хусуси татбиқи Конвенсияи 2003 оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ қабул гардид

Декабрь 9, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон гузориши даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси татбиқи Конвенсияи 2003 оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва вазъи феълии унсурҳои дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО воридшуда аз ҷониби Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳангии ғайримоддӣ расман қабулшуда дониста шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, арзёбии мусбати гузориши мазкур саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати ҳифзу эҳёи мероси ғайримоддӣ эътироф карда, сиёсати устувори мамлакатро дар ин самт муҳим ва намунавӣ мешуморад.

Гузориши даврии Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки 8-13 декабри соли 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав ҷараён мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, ҳамчун ҳуҷҷати намунавӣ барои дигар кишварҳо тавсия гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид