ХУРОФОТУ БЕГОНАПАРАСТӢ-ХАТАР БА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз ҷанбаи фалсафӣ чунин мубрамият дорад: аввалан, Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба вакилони Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дар симои онҳо ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бораи дастовардҳо, муваффақият ва мушкилоти соли сипаришуда дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бо далелҳои эътимодбахш ва илмӣ мавриди таҳлилу муқоиса қарор медиҳанд; дуюм, барои рафъи камбудиҳо ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа дастуру супоришҳо ва вазифаҳои мушаххасро пешниҳод медоранд, то масъулини соҳаҳо ва ниҳодҳои гуногун дар нақшаи чорабиниҳои таҳиякардаи худ камбудиҳои ҷойдоштаро ҷой дода, барои бартараф кардани онҳо кӯшишу ғайрати бештарро сарф намоянд. Аз ин рӯ, ҳамасола паёмҳои Президенти Тоҷикистон барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, имкон медиҳад, ки аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода баранд.
-Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои стратегӣ ё афзалиятноки ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ба онҳо илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Бахусус, воқеъбинона иброз намуданд, ки миллати босаводу дурандеш воқеан таъмингари амнияту субот, муттаҳидӣ ва ягонагӣ мебошад. Чунки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммали таърихӣ дошта, аз мактаби ахлоқмеҳварӣ ва фарҳангсолории гузаштагони худ сабақ андӯхтааст, касбу пешаҳои замонавиро хуб аз худ карда, хешро ба муҳити нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидааст, метавонад зиндагии шоистаро барои муҳити хонаводагӣ муҳайё намуда, бар замми ин, барои рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муассир гузорад.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки барои самаранок амалӣ гардидани он тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.
Воқеан, тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҳолати бархӯрдҳои шадиди сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор дошта, ин раванд тақозо менамояд, ки мо ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурғановати фарҳангӣ тарбия намоем. Чунки насли худшиносу худогоҳ метавонад дар ҳар ҳолат ҳимоятгари фарҳангу миллат ва сарзамини аҷдодии худ бошад.
Ҳамагон боварӣ ҳосил карданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри некуаҳволии насли наврас ва ҷавонон ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро андешида истодааст. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем».
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо изҳори назар карда, барҳақ гуфтанд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии мамлакатро таъмин намуда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.
Воқеан, дар ҷомеаи мо қувваҳо ва гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки амнияту осоиштагӣ ва рушду инкишофи давлату миллати моро намехоҳанд. Ҳатто байни онҳо манқуртҳое низ ҳастанд, ки пиёдакунандаи, манфиатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии мамлакатҳои дигар мебошанд. Барои ҳамин месазад, ки мо ғояи ваҳдати миллиро инкишоф диҳем ва дар аснои он муттаҳидии ҷумҳуриамонро таъмин намоем. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «вақте мо сарҷамъ ҳастем, бузургии мо аз ракетаҳои ҳастаӣ дида бузургтар аст».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро таҳлили ҳамаҷониба намуда, гуфтанд, ки «… мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Дар ҳар давру замон омӯзгор шахсияти калидии низоми таълиму тарбия мебошад, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи маҳорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад.
Ба назари мо, имрӯз омӯзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи ҷомеаи муосир ва фазои ҷаҳонии таҳсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машғулиятҳои таълимӣ, машварату конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранок истифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз Офтоб барқ истеҳсол мекунанд». Воқеан, дастгирии давлатии соҳаи илм дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ниёзҳои истеҳсолотро ба инобат гирифта, кашфиётҳои илмиро ҳар чи зиёд намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илм диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд мекашад, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа рушд мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурофот ва бесаводиро хатарноктарин зуҳурот барои рушду инкишофи ҷомеаи тоҷик баҳогузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки «фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Вобаста ба ин раванд гуфтан зарур аст, ки нақши давлат, махсусан ниҳодҳои мухталифи он дар эҳё, ҳимоя ва баланд бардоштани нуфузи арзишҳои маънавии миллат бағоят бузург мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки фазои иттилотиии ҷумҳурии мо пайваста ба ҳайси объекти ҳуҷумҳои гуногун, аз қабили тарғиби фарҳанги бегонапарастӣ, тавсеаи таассубгароию хурофотпарстӣ, идеологияи зуроварию ифротгароӣ қарор медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳимоя ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Зеро, имрӯзҳо таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба тамомияти арзии мамлакатамон хатар эҷод менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти ногувору пуртаззоди ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад». Воқеан, аз ҳад зиёд сиёсӣ шудани дин ва инчунин паст будани дониши динӣ, иттилоъ дар бораи дин, чӣ шаҳрвандон ва чӣ дар байни худи диндорон боиси нигаронист ва метавонад ба амнияти давлати мо хатар эҷод намояд. Аз номи дин ташкил кардани ҳизб ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани он, моҳиятан, ба ҷомеа ворид намудани зиддият, конфронтасия аст. Ҷорӣ кардани ҷудоӣ ба хотири расидан ба қудрат, нуфуз ва шуҳрат таҳдид ба пояҳои давлату миллат дорад.
Ҳамчунин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии мо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад». Гуфтан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм, инчунин ифротишавии шуури ҷавонон яке аз омилҳои асосии баамаловарандаи таҳдид ба амнияти миллии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мубориза алайҳи ин зуҳурот яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад. Муқовимат ба экстремизму терроризм чораҳои самаранок оид ба муқовимат ва пешгирии онро талаб мекунад, ки барои амалӣ гаштани онҳо мавҷудияти заминаҳои дахлдори ғоявӣ зарур аст. Сабабҳои аввалияи ҳамаи муаммоҳои муҳими тарбияи зиддиэктремистӣ ва зиддитеррористии ҷавононро дар фазои муқовимат ба идеологияи экстремизм ва терроризм бояд ҷуст. Бешубҳа, пешгирии зуҳуроти экстремизм – ин проблемаи байнисистемавӣ ва байниидоравӣ маҳсуб меёбад. Неруи мураттаб ва муназзами давлат ва ҳамаи институтҳои ҷомеаи мо алайҳи идеология ва амалияи экстремизм ва терроризм зарур аст.
Ба назари мо истиқлолият боиси зиндашавии фарҳанги миллӣ, забон ва анъана гардид. Баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мушоҳида мешавад. Худмуайяннамоии худташакулёбии миллӣ бо суръати фаъол идома дошта, нақши геополитикӣ ва геостратегии Тоҷикистонро назди ҷомеаи ҷаҳон боз баланд бардошта истодааст. Ин масъала дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд». Тавре мо мушоҳида менамоем бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва доман паҳн кардани мафкураи динию мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба фарҳангу арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд ворид месозад. Ин раванд тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Парлумон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, суд, прокуратура, Агенти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дигарон дар ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ бояд саҳми бориз дошта бошанд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳои иттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияи постмодернистӣ тарбия ёфта, тамоилҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Оид ба гуфтаҳои пешниҳодшуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Президенти Тоҷикистон ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод.
Сарвари давлат гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ҷумҳурӣмаҳсуб меёбад. Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.
Нозим МАҲМАДИЗОДА,
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, професссор,
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон






