«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад

Декабрь 5, 2025 12:02

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки дар ду бозии мавқуфмондаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот пешсаф гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳарду бозии мавқуфмондаи мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 30 ноябр ва 4 декабри соли 2025 баргузор гардид. Дар бозии даври 14-уми мусобиқот дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Дар ин бозӣ Рустам Соиров се гол зада, «хет-трик» кард. Пол Камолафе ду гол, Ризо Деҳқонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов ва Шаҳром Сулаймонов якголӣ ба нишон расониданд.

Дар бозии даври 18-уми мусобиқот дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард. Дар ин дидор Пол Камолафе ва Рустам Соиров дуголӣ ва Манучеҳр Ҷалилов як голро ба нишон расониданд. Голи ягонаи дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро Шавкати Ҳотам ба дарвозаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ворид намуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 46 имтиёз аз 20 бозӣ дар ҷойи аввал аст. Дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо 44 имтиёз аз 21 бозӣ мақоми дуюмро касб кардааст. Дар ду бозии мавқуфмонда дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ 8 декабр бо дастаи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва 12 декабр бо дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Душанбе рақобат мекунад.

Барои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозӣ ба муқобили дастаи «Вахш»-и шаҳри Бохтар як имтиёз кофист, ки барандаи медалҳои тилло шавад. Дастаи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и шаҳри Душанбе, ки 37 имтиёз гирифт, ҷойи сеюмро касб намуда, медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2025-ро ба даст овард.

Дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, ки бо 13 имтиёз дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода- барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти Лигаи якум барои боқӣ мондан дар Лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти имсола зинаи охиринро ишғол кард, Лигаи олиро тарк намуд. Ба ҷойи дастаи «Панҷшер» соли оянда дар мусобиқоти Лигаи олӣ дастаи футболи «Парвоз»-и фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар Лигаи якум ғолиб шуд, иштирок мекунад.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод