Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад

Декабрь 7, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми беш аз се даҳсолаи фаъолият ба яке аз ниҳодҳои муҳимтарини сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат  мубаддал гардидааст. Нақши он дар таҳкими суботу амният, бунёди давлатдории навин ва пешбурди рушди устувори миллӣ на танҳо дар пайомадҳои сиёсӣ, балки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҷассум ёфтааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати созандагӣ ва бунёдкорӣ аз давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз пайваста ҳамчун неруи муттаҳидкунанда ва пешбарандаи идеяҳои ваҳдату пешрафт хизмат мекунад. Чунин иброз доштааст муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ,  аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фирӯзҷон Ғаффор дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».

– Солҳои 90-уми асри гузашта барои халқи тоҷик яке аз марҳилаҳои сангинтарин буд. Исбот гардид, ки танҳо роҳбарии хирадмандона ва иродаи қавии сиёсӣ метавонад миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз дар ҳамин давра Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ шакл гирифт, ки ҳадафаш барқарор намудани сулҳу субот, таъмин намудани ваҳдат ва бозсозии давлатдории миллӣ буд. Аз ҳамон рӯзҳо то имрӯз ҳизб дар амал нишон дод, ки сулҳ на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки пояи асосии пешрафти устувори давлат аст.

Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиеро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд.

Дар доираи ин 12 июни соли 1993 кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд. Аъзои кумитаи тадорукотӣ ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқию демократӣ дошта бошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.

Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Тоҷикистон (баъдан 25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод) барои таҳкиму тарғиби ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ 10 декабри соли 1994 зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад.

Идеяҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми мамлакат дастгирӣ ёфта, бо бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳим бозад.

Дар марҳилаҳои баъдӣ рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бозсозии мамлакат ба рушди босуботи он пайванд хӯрд. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», рушди инфрасохтор, сохтмони ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳое мебошанд, ки бо ташаббус ва ҷонибдории ҳизб ба марҳилаи амал даромаданд.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон воқеан беандоза аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди хирад ва родмарди сулҳи тоҷикон Тоҷикистон аз парокандашавӣ эмин ёфт.

Тоҷикистон – ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва созанда дар пешниҳодҳои беназири Сарвари давлат, аз ҷумла татбиқи ташаббуси чорум дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд, инчунин баргузории конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез асос меёбад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Ин ташаббус аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Ин санади муҳим бозгӯи нақши фаъол ва ташаббускори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, ҷанбаи нав ва масъулиятталаби сиёсати хориҷии мамлакатро нишон медиҳад.

Ин иқдом, ки имрӯз ба қатъномаи расмии Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст, бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзо пазируфта шуд ва дар ташкили заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (artificial intelligence) қадами муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар даврони Истиқлолият бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва барои зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Дар робита ба амалишавии ҳадафҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва 9 сентябри соли 2019 ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор дар рушди на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи Осиёи Марказӣ гардид. Ин рӯйдоди воқеан муҳим дар таърихи миллат бо хатҳои заррин асрҳо боқӣ мемонад.

Таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ ва идеяҳои инсондӯстӣ дар зеҳни ҷавонон василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллӣ ба шумор меравад, ки дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Зери иқдоми Раиси муҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоӣ идома дошта, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар сокини мамлакат дар ҳадафҳои ҳизб мавқеи асосӣ дорад.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ниҳоди бузурги сиёсӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфта, дар пешрафту дигаргуниҳои куллии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва равобити хориҷии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин раванд густаришу таҳкими робитаҳои бурунмарзии ҳизб яке аз рисолати он ба шумор меравад.

Ҳамкории байналхалқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир  густариш меёбад.

Махсусан, ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» (Русия), Ҳизби коммунистии Чин (Ҷумҳурии Мардумии Чин), ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» (Қазоқистон), «Ени Азербайджан» (Озарбойҷон), ҳаракати «Белая Русь» (Беларус) ва Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ идома дорад.

Дар ин замина иртиботи мутақобили судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» ва Ҳизби коммунистии Чин шоистаи таъкиди хос аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳама ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳамсозии имконияти баробарҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ, ки ба баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона гардидааст, пайваста кӯшиш менамояд.

Фаъолияти самарабахши ин ҳизб бо назардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа ба роҳ монда шуда, давоми сӣ сол тақвияту густариш ёфт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон давоми сӣ сол талош дорад.

Барномаи ҳизб ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо расидан ба ҳадафҳои ҳизбро барои рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат муайян менамояд. Ҳамзамон таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар маркази сиёсати тарғиботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Рушди илму маориф яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ба шумор рафта, таҳкими иқтидори илмӣ, боло бурдани неруи зеҳнии ҷомеа, ҷорӣ намудани ихтироот дар истеҳсолот, такмили пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот аз ҳадафҳои калидии давлат маҳсуб мешаванд. Дар ин замина Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба рушди маориф ва илм таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ислоҳоти низомиро пайгирона идома медиҳад.

Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо гузариши таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро ба маблағгузории сарикасӣ, ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим ва ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ дар таҳсилоти олӣ фаро мегиранд. Гузариш ба таҳсилоти 12-сола, низоми кредитӣ ва афзалиятнок эълон гардидани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷумлаи иқдоми муҳими ислоҳот мебошанд.

Бо назардошти ҳадафҳои барномавии ҳизб дар бахши илм, ҳамоҳангсозии фаъолияти академияҳои соҳавӣ, донишгоҳҳо бо фаъолияти муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида шуда, раванди маблағгузории давлатӣ ба таҳқиқоти амалӣ, ворид намудани натиҷаҳои илмӣ ба истеҳсолот ва рушди соҳаҳои афзалиятнок нигаронида шудаанд. Дар ин замина густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва идораҳои соҳавӣ барои дастгирии ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти калидӣ дорад.

Имрӯз Тоҷикистон дар шароити ҷаҳони мураккаб, пуртазод ва пурхатар барои боз ҳам рушд кардан ба неруи муттаҳидкунанда, сиёсати оқилона ва ҳадафҳои стратегӣ такя дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф, ки таҷрибаи бузурги сиёсӣ ва неруи ташкилотӣ дорад, барои татбиқи рӯйдодҳои тақдирсоз, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош меварзад.

Аз бунёди сулҳи пойдор то расидан ба рушди устувор — ин роҳест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа тай кардааст. Рисолати ҳизб ҳамоно дар он аст, ки бо такя ба ваҳдати миллӣ, дониш, иқтидору иродаи халқ ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат ба сӯи фардои боз ҳам ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорад.

Ҳамин тариқ, ҳамаи мо – ҳамсафонро месазад, ки тамоми неру ва тавонмандии худро ба пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон, татбиқи барномаи ҳизб, ки аз иродаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, равона намоем. Дар амалишавии ҳадафҳои созанда ва рисолати ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, талош намоем.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон