Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун падидаи сиёсӣ ва мафкуравии таърихсоз дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ, дар айёме, ки давлатдории тоҷикон ба вартаи нобудӣ наздик шуда буд, зуҳур намуда, ба заминаи устувори эҳёи давлати миллӣ табдил ёфт. Таъсиси ин ҳизб натиҷаи дарки дуруст ва дурбинонае буд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҳассоси солҳои аввали истиқлоли давлатӣ аз воқеияти рӯз ба Ватан ва миллат пешниҳод намуданд.
-Таърихан равшан аст, ки идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ибтидо на ҳамчун ҳаракати гузаро, балки зарурати бунёдӣ ва стратегии давлату миллат зуҳур кард. Сабаби асосӣ он буд, ки дар замони барҳам хӯрдани низоми собиқ ва оғози истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фазои пурошӯбе қарор гирифт, ки на танҳо сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта буданд, балки ҳувияти сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва устувории иҷтимоии миллат зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ танҳо бархӯрди гурӯҳҳои мусаллаҳ набуд, балки он бархӯрди мафкураҳо, дидгоҳҳо ва роҳҳои мухталифи давлатдорӣ буд.
Дар заминаи иҷтимоию сиёсӣ се неруи бузург – коммунистӣ, исломгаро ва гурӯҳи сеюм, ки ҷонибдори давлати дунявӣ ва мутамаддин буданд, барои роҳкушоии худ талош меварзиданд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳҳо аз назари мафкуравӣ ва сиёсӣ низоми арзишҳои худро ба мардум пешниҳод мекарданд, аммо замон ва воқеияти ҷомеаи дар зинаҳои аввали истиқлол қарордошта нишон дод, ки на коммунизми шикастхӯрдаи шуравӣ ва на модели идеологии динӣ, ки аз сӯи ҳаракатҳои тундгаро тақвият меёфт, наметавонанд ба талаботи давлатсозии миллӣ ҷавобгӯ бошанд. Натиҷаи ин бархӯрдҳо ворид шудани мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки дар он набудани неруи муттаҳидкунандаи миллӣ бештар эҳсос мешуд.
Маҳз дар ҳамин марҳила зеҳни сиёсӣ ва масъулияти таърихии Пешвои миллат зарурати ташкили платформаи нави сиёсиро пеш овард. Фазои сиёсие, ки тавонад мардумро дар атрофи арзишҳои миллӣ муттаҳид созад, ба эҳёи давлатдорӣ асос гузорад ва ҳамчун рамзи иттиҳоди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат амал кунад. Бо ҳамин ҳадаф бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. 12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ва 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, 15 декабри ҳамон сол расман ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси неруи сиёсие, ки аз манфиатҳои миллӣ маншаъ мегирад, расман сабти ном шуд. Ташкили ин неруи сиёсӣ дар ҳамин айём яке аз муҳимтарин қадамҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад, зеро маҳз он тавонист ҷойгоҳи холии неруи муттаҳидсозро пур кунад ва ба равандҳои сиёсии мамлакат устуворӣ бахшад.
Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки тамоми халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра дарк намудаанд, яъне маҳаки фаъолияти ҳизбро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани ваҳдати саросарӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ташкил медиҳад. Фаъолияти ин ҳизб дар бунёди ҷомеаи демократӣ гувоҳи он аст, ки он чун ҳизби ғамхори мардум дар амалӣ шудани орзую ормони ҳар фарди Ватан саҳм мегузорад.
Вақте ба фаъолияти созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар меандозем, маълум мегардад, ки зарурати таъсиси он маҳз ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар маҷмуъ амалӣ сохтани ормонҳои миллии ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос маҳсуб мешавад. Зеро ҳар нафаре, ки назари хайр ба ояндаи неки фарзандонаш дорад, бо дарки масъулият ҷонибдори ҳадафу мақсади ин ҳизб мебошад.
Дар пайи амалҳои созанда ва мусолиматомези Пешвои миллат ва бо дастгирии неруи муташаккили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди сулҳи тоҷикон ба натиҷа расид. Ҳизб дар барқарорсозии фарҳанги нави сиёсӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва эҷоди муҳити боэътимоду ҳамдигарфаҳмии умумимиллӣ нақши калон бозид. Имрӯз равшан аст, ки агар он солҳо як ҳизби муназзами миллӣ ва платформаи ягонаи фикрӣ ба вуҷуд намеомад, эҳтимоли барқарор кардани суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хеле кам буд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 31 соли фаъолият на танҳо дар барқарории сулҳ саҳм гузошт, балки ҳамчун яке аз пояҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ зуҳур кард. Мафкураи ҳизб ба се арзиши калидӣ такя мекунад: ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди модели давлати демократию дунявӣ ва тарғиби худшиносиву ватандӯстӣ. Ин арзишҳо, ки ба ниёзҳои давлати муосир комилан мувофиқанд, имкон медиҳанд, ки ҳизб ба мактаби фикрӣ ва сиёсӣ табдил ёбад ва дар ташаккули элитаи нави сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ саҳми назаррас дошта бошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи иҷтимоию иқтисодӣ низ фаъолона иштирок намуда, тавассути барномаҳои мушаххас ба рушди устувори мамлакат, ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии қишрҳои осебпазир ва ҷалби ҷавонон ба равандҳои сиёсӣ таъсири муассир расонд. Далели ин гуфтаҳо рушди босуръати иқтисодӣ, бунёди инфрасохтор, болоравии сатҳи зиндагии мардум, татбиқи лоиҳаҳои сатҳи маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва эҳёи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳизб бо истифода аз неруи сиёсӣ ва созанда тавонист бо ҷомеа робитаи мустақим барқарор кунад, дар байни мардум маъруфияти хос пайдо намояд ва ҳамчун ҳизби воқеан мардумӣ эътироф гардад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба унсури калидии суботи сиёсӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа табдил ёфт. Маҳз тавассути ин неруи сиёсии созанда сиёсати давлатдорӣ ба низоми устувор табдил ёфт, механизми сиёсӣ такмил дода шуд ва фарҳанги навини муносибатҳои ҳизбӣ – бо рақобати солим ва эҳтироми мутақобил ба вуҷуд омад. Имрӯз ҳизб платформаест, ки тамоми неруҳои солимро дар атрофи манфиатҳои миллӣ муттаҳид месозад.
Таърихи 31-солаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он аз рӯзи аввали таъсис то имрӯз ба халқ, ба давлат ва ба истиқлоли миллӣ содиқ мондааст. Ҳадафи марказии он ҳамеша таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодӣ, рушди фарҳангӣ ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Агар ба роҳе, ки Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлол то имрӯз тай кардааст, назар афканем, хоҳем дид, ки дар маркази ин ҳама дастовардҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат ҳамчун муттаҳидкунандаи миллат ва меъмори давлатдорӣ ҷойгир аст.
Бинобар ин, таҷлили 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон танҳо санаи рамзӣ нест. Ин арҷгузорӣ ба заҳмати ҳазорон созандагону ватандӯстдорон дар роҳи бунёди давлати муосири миллӣ мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давра исбот намуд, ки метавонад ҳамчун ҳизби мардумӣ, ҳизби давлатсоз ва ҳизби дорои назари нек ба оянда нақши таърихиро идома дода, дар пешрафти Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.
Шаҳбоз ШОСАИДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад






