Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»

Декабрь 8, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавсими навбатии корҳои бомиқёсро дар самти бунёду муосиргардонии шабака хотима мебахшад. Дар арафаи солгарди раёсати минтақавии ширкат мо бо директори он Комрон Кенҷаев суҳбат оростем.

— Телеком – соҳаи рақобаташ баланд. Мавқеи ширкатро дар айни замон дар Хатлон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Бо итминон гуфта метавонам, ки мо дар қатори пешсафон ҳастем. Мо мавқеи худро сол ба сол ба шарофати сармоягузориҳои назаррас ба инфрасохтор нигоҳ медорем ва устувор менамоем. Ин барои фаъолияти босифати хизматрасониҳои алоқа ниҳоят муҳим аст. Танҳо соли равон мо зиёда аз 40 пойгоҳи базавиро ба кор даровардем, ки сенздаҳ шаҳру ноҳияҳои Хатлон ва қариб тамоми ҳудуди вилоятро фаро мегиранд. Боз 15 пойгоҳи базавии навро то охири сол мо ба кор медарорем. Мо фаъолона муосиргардонии таҷҳизоти мавҷударо ба амал мебарорем. Ҳамин тариқ, соли 2025 зиёда аз 20 пойгоҳи базавии насли дуюм ва сеюм дар диапазони 4G ба кор шуруъ карданд.

Дар 30 пойгоҳ каналҳои таҳвили маълумоти стандарти 4G васеъ карда шуданд. Акнун муштариён метавонанд аз трафики бештари интернет бо суръати баландтар, ки ба талаботашон пурра ҷавобгӯ аст, истифода баранд. Гуфтан муҳим аст, ки бунёду муосиргардонӣ танҳо соли равон қариб як даҳяки тамоми инфрасохтори ширкатро дар Хатлон фаро гирифт. Ин ҳаҷми хеле бузурги корҳо мебошад. Чунин натиҷаҳо ҳамасола ба даст оварда мешаванд, онҳо ба мо имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар бозор нигоҳ дорем.

— Лекин корҳо танҳо бо пойгоҳҳои базавӣ маҳдуд намегарданд?

 — Албатта не. Якум ин, ки мо бояд неруи барқро дар пойгоҳҳои базавӣ таъмин намоем. Маҳдудияти барқ вуҷуд дорад ва бисёре аз пойгоҳҳои базавӣ дар маконҳои дурдаст ҷойгиранд, ки дар он ҷойҳо хатҳои барқ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, барои таъмини алоқаи устувор мо генераторҳои дизелӣ ва батареяҳои аккумуляторӣ ба кор мебарем. Онҳо ҳамчунин назорати доимӣ талаб мекунанд. Аз аввали сол мо қариб 150 батареяро иваз кардем. Мо тақрибан 20 дастгоҳи дизелӣ-генераториро таъмир кардем. То моҳи январ мо таъмири нақшавии боз 40 дастгоҳро анҷом медиҳем ва зиёда аз 20 генератори иловагӣ насб мекунем. Мо инчунин интиқоли сӯзишвориро ба маконҳо идома медиҳем, то боварӣ ҳосил кунем, ки шабака дар фасли зимистон мунтазам кор мекунад. Ман тафсилоти пурра медиҳам, то миқёси корҳо танҳо дар ҳамин як самт беҳтар дарк карда шавад.

Дуюм ин, ки илова ба пойгоҳҳои базавӣ мо хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ низ мегузаронем. Онҳо дар интиқоли ҳаҷми зиёди трафик байни шаҳрҳо ва ноҳияҳо нақши муҳим мебозанд, ба ғайр аз ин пайвастшавӣ ба тариқи хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ сатҳи устувории пайвастшавиро баланд мекунад. Аз ин рӯ мо тадриҷан пойгоҳҳои базавиро аз хатҳои радиорелеӣ ба хатҳои нахӣ-нурӣ мегузаронем. Танҳо барои фаҳмидани он, ки хатҳои алоқаи нахӣ-нурии магистралӣ чист ва дарозии онҳо чӣ қадар аст: имсол мо ду қитъаи нав: Бохтар-Панҷ бо дарозии 142 километр ва Данғара-Кӯлобро бо дарозии иловагии 108 километр ба кор андохтем. Чунин лоиҳаҳо сармоягузории назаррас талаб мекунанд, лекин ҳоло сухан дар бораи устувории пайвастшавӣ меравад. Қаблан мо дар ин минтақаҳо каналҳоро ба иҷора мегирифтем ва дар сурати ягон вайронӣ аз ширкатҳои берунӣ вобастагӣ доштем. Аммо, ҳоло хатҳои алоқаи нахӣ-нурии худро дорем, ки онҳо фаъолияти устувори хизматрасониҳоро ҳатто дар ҳолатҳои садамавӣ кафолат медиҳанд.

— Хуллас, ҳоло дар маҷмуъ шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон дар чӣ ҳол аст?

— Мо зиёда аз 1 200 пойгоҳи базавии наслҳои гуногуни алоқа дорем, ки сеяки онҳо стандарти 4G-ро бо суръати баланди интернети мобилӣ ва садҳо километр хатҳои нахӣ-нурӣ дастгирӣ мекунад. Ин яке аз шабакаҳои калонтарини ҷумҳурӣ мебошад. Мо ҳатто пойгоҳҳои базавии мутаҳаррик низ дорем, ки дар мошинҳо насб гардидаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ,  аз ҷумла чорабиниҳое, ки дур аз шаҳрҳо баргузор мешаванд – мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ, машғулияти низомӣ ва чорабиниҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо иштирок мекунанд, бо алоқаи устувор таъмин карда шаванд. Масалан, соли 2025 мо ба ҳайси шарики IT-форум дар Бохтар баромад намуда, Wi-Fi-и ройгонро барои ҳама иштирокчиён ташкил намудем. Мо барои мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ дар Данғара алоқа ва интернет пешниҳод кардем.

Мо инчунин шабакаи дигар ҳам дорем — нуқтаҳои фурӯшҳои худӣ. Дар айни замон дар минтақа 124 толори алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» амал мекунад. Ин яке аз бузургтарин шабакаҳои хизматрасонӣ маҳсуб шуда, ба мо имкон медиҳад, ки ба муштариёнамон наздиктар бошем. Мо ҳам шабакаи фурӯшҳои чакана ва ҳам инфрасохтори техникии худро инкишоф медиҳем, то ки минтақаи Хатлон аз ҷиҳати сифати алоқа ва хизматрасонӣ ба мизоҷон яке аз беҳтаринҳо дар Тоҷикистон бимонад.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Декабрь 8, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст