Кормандони Хадамоти гумрук Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои фаъолияти минбаъда арзёбӣ намуданд

Декабрь 16, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот.

Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба натиҷаҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Кормандони Хадамоти гумрук ин санади муҳимро фаъолона пайгирӣ намуда, онро роҳнамои фаъолияти минбаъда арзёбӣ карданд.

Бо таҳлилу натиҷагирии муваффақият ва нақшаҳои амалигардида Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар мамлакат рушди устувор таъмин гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шудааст.

Иброз гардид, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалисозии стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар соли 2025 барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, фаъолияти босуботи низоми пардохтҳо, махсусан пардохтҳои ба ғанисозии буҷети давлатӣ равонагардида натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар маҷмуъ, бо фарогирии ҳама бахшҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.

Дар ин замина таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлатӣ, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳои мукаммалгардонии низоми миллии молия, андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ идома доранд.

Дар фарҷом кормандони Хадамоти гумрук Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун роҳнамои мукаммали фаъолияти касбӣ пазируфта, барои татбиқи ҳадафу барномаҳои рушди иқтисодӣ, таҳкими низоми пардохтии мамлакат ва саҳмгузорӣ дар пешбурди афзалияти миллӣ бо масъулияти баланд фаъолият менамоянд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд