МУҚОВИМАТ БА ХУРОФОТПАРАСТӢ-ТАВАССУТИ МАЪРИФАТИ БАЛАНД. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 23, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 23.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Паёми  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад. Паёми  Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ паёми роҳнамову роҳкушо, суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо сокинони мамлакат буда, тантанаи давлатдории миллӣ ва татбиқи орзую ормонҳои таърихии мардумамон мебошад.

— Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҷаҳолат ва хурофот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «давлат бо хурофот тараққӣ намекунад. Мусулмонии моро ҳеҷ кас намегирад. Мусулмонии мо аз худамон аст».

Маълум аст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати исломӣ аст. Дар ниқоби дини ислом шахсони ҷоҳил ва хурофотпарасте пинҳон мебошанд, ки дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд. Бинобар ин ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботии ҷаҳони имрӯза барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон кӯшишу талош намоем.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «мо китоби Қуръони маҷидро ба забони кириллӣ чоп кардем, то мардум онро хонанд, донанд ва ба тақлиди кӯр-кӯрона роҳ надиҳанд».

Дар ҳақиқат баъзе нафароне, ки имрӯзҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро меафтанд,  маълумоти пурраи динӣ надоранд ва аз гузаштаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бохабар нестанд. Мақсади Пешвои миллат он аст, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки аз гузаштаи пурифтихори миллаташ бохабар ва ҳувияту ифтихори миллӣ дошта бошад, ҳувияти миллияш аз ҳуввияти динияш бояд боло бошад ва танҳо он вақт метавонад худро аз фиреби гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ҳифз намояд.

Мо имрӯз бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин ифротишавии ҷомеа мубориза барем.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ меъмори давлатдории навини тоҷикон эътироф гардидаанд, зеро ба ақлу заковати азалии мардуми тоҷик такя менамоянд.  Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат мебошанд, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманона ва ҷоҳилонаи худ даст накашидаанд. Мову шумо хуб медонем, ки хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат буда, ҳамеша бадбахтӣ меорад, дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «агар мо хоҳем Ватани обод дошта бошем, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандони мо соҳиби илму маърифат ва саводи кофӣ гарданд».

Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдани дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар баробари ин, соҳаи маориф ва илми мамлакат имрӯз аз мо фаъолияти боз ҳам бештару бомасъулият ва дигаргуниҳои куллӣ  талаб менамояд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро чанд маротиба баланд бардорем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.

Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгор мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.

Ҷаҳони муосир босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб мегарданд. Дар чунин шароит, табиист, ки аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Имрӯз мо вазифадорем, ки Паёми  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро роҳнамои кору зиндагиамон қарор дода, доим ҳушёр бошем, то дар ғафлат намонем. Инчунин  барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон- истиқлолу озодии мамлакат фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, дар ҳифзи Тоҷикистон саҳми назаррас гузорем.

Зуҳро ҲАКИМЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Данғара

Декабрь 23, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард