Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид

Декабрь 31, 2025 11:15

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия Милан Миланович ба ҳайси сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Милан Миланович соҳиби муҷаввизи баландтарин дараҷаи мураббигӣ — «UEFA Pro» буда, дар кишварҳои Сербия, Руминия ва Қазоқистон фаъолият намудааст.

Зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи бозии даста, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои варзишӣ, ҷалби бозигарони ботаҷриба ва тарбияи футболбозони ҷавон баррасӣ гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҷалби мутахассиси хориҷии дорои таҷрибаи ғанӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои дастаи футболи «Хуҷанд» ва рушди минбаъдаи футбол дар вилоят ва минтақа мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 31, 2025 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад