Ғолибони «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11-и шаҳри Душанбе аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва георгафия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода, муовини якуми директори Маркази миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Убайдулло Асрорзода таъкид намуд, ки ин чорабинии муҳимми илмию маърифатӣ бори дигар собит сохт, ки ҷавонон дорои иқтидори баланди зеҳнӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва шавқу завқи амиқ ба илму дониш мебошанд.
Ин озмун дар доираи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор карда шуд. Натиҷаҳои имрӯза далели равшани он мебошанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар амал татбиқ гардида, ба самараҳои воқеӣ ноил мемешавад.
Олимпиада, ки аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география баргузор гардид, намунаи равшани таҳкими пайванди мактаб ва донишгоҳ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва омодасозии насли ояндаи мутахассисони рақобатпазир мебошад.
Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки дар даври ниҳоии озмун зиёда аз 1000 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки қабули имтиҳонот ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмун бо иштироки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ки шаффофият, адолат ва эътимодро ба натиҷаҳои олимпиада пурра таъмин намуд.
Таъкид гардид, ки “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аллакай соли шашум аст дар тамоми минтақаҳои кишвар ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор мегардад ва ин анъана идома хоҳад ёфт.
Иброз гардид, ки Раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст барои ғолибони имрӯза дар баробари мукофоти пешбинишуда ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла кам намудани маблағи таҳсил, пешниҳод намудани имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар ва ҷудо намудани стипендияҳои раёсатро фароҳам оварад.
Барои иштироки фаъолона 15 нафар хонандагон бо “Ифтихорнома”-и раёсати Донишгоҳ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, диплом ва маблағҳо қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои саҳмгузорӣ дар баргузории сатҳи баланди олимпиадаи болозикр бо “Сипоснома”-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






