Омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ дорад
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
16 декабри соли равон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Ин иқдом бисёр муҳим, дурандешона ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Ин қарори саривақтӣ на танҳо мавқеъ ва рушди фаъолияти як ниҳоди илмиро дар назар дорад, балки ба ҷанбаҳои муҳими омӯзиши пиряхҳо, яхбандиҳои абадӣ, қабати барф, захираҳои обӣ ва хусусан ҳолати кунунии криосфера дар шароити тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Табдил ёфтани ин муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотӣ аз «марказ» ба «институт» дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон уҳдадории мутахассисони ин муассисаро беш аз пеш афзуда, барои фарохтар ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмию таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Минбаъд Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера метавонад таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро барои омӯзиши барфҳои доимӣ, яхбандиҳои абадӣ, инчунин ҳолат, сохтор, деградатсия, динамика ва мониторинги пиряхҳо ба роҳ монда, ҳамзамон таҳқиқи дигар унсурҳои криосфераро анҷом диҳад. Инчунин институт имконияти ташкили низоми мониторинги доимии пиряхҳо, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҳифзи маълумоти илмии соҳаро дар сатҳи миллӣ таъмин менамояд.
Илова бар ин, таъсиси институт ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси ватанӣ ва рушди иқтидори илмии миллӣ мусоидат мекунад. Мутахассисони ҷавон минбаъд метавонанд дар дохили ҷумҳурӣ дониш, малака ва таҷрибаи соҳавиашонро тавсеа дода, омӯзиши пиряхҳо ва криосфераро бо усулҳои муосир анҷом диҳанд ва дар рушди илми глятсиологияи тоҷик саҳм гузоранд.
Ин иқдом ба болоравии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешсаф дар самти омӯзиши криосфера, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо мусоид карда, боиси баланд бардоштани нуфуз ва мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нақши он дар таҳқиқоти байналмилалии пиряхҳо ва криосфера мегардад.
Аз нигоҳи ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд низ ин иқдом аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии дорои захираи зиёди пиряхҳо метавонад ба маркази муҳими илмию таҳқиқотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил ёбад. Ин боиси густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо ва болоравии нуфузи ҷумҳурӣ, инчунин омили пиёдасозии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон- ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.
Албатта, ин амр инъикоси ҳама пажӯҳишҳо ва саъю талошҳои кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд, ки аз мадди назари Сарвари давлат дур намонд. Минбаъд низ мутахассисони ин муассисаи илмӣ камари ҳиммат баста, барои омӯзиши пиряхҳо, крисфера ва инчунин дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Илова гардидани ибораи «криосфера» ба номи институт тақозо менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон майл дорад бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамқадам шавад ва дар таҳқиқоти байналмиллалии минбаъдаи иқлим ва қабати яхбастаи Замин саҳми фаъол гузорад. Ин тадбир на танҳо рушди илмии мамлакатро таъмин мекунад, балки барои пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти стратегӣ дошта, барои рушди устувори ҷумҳурӣ ва ҳифзи муҳити зист заминаи илмӣ-амалӣ ва шароит фароҳам меорад. Ҳамзамон ҳамроҳ гардидани ин ибора (криосфера) ба номи муассиса нишон медиҳад, ки фаъолияти муассиса на танҳо ба омӯзиши пиряхҳои маҳаллӣ тамаркуз мекунад, балки тамоми системаи яхбандии Замин ва таъсири он ба иқлим, обу ҳаво ва муҳити зистро таҳқиқ менамояд.
Бояд гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа ба шумор рафта, давоми даҳсолаҳои охир ҳаҷман коҳиш меёбанд. Дар Тоҷикистон 6 дарсади қаламрави ҷумҳуриро пиряхҳо ишғол ва маҳз онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд. Обшавии босуръати онҳо метавонад ҳоло боиси зиёд рух додани селу обхезиҳо гардида, дар ояндаи наздик норасоии обро барои кишоварзӣ, энергетика ва ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд орад.
Аз ин рӯ, омӯзиши мунтазами қабати криосфераи Замин, ҳолати кунунии пиряхҳо, ҷорӣ намудани усулҳои сарфакоронаи истифодаи об, ҳифзи амнияти экологии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо аҳамияти махсус дорад.
Хулоса, супориши Президенти Тоҷикистон оид ба табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» қадами устувори стратегӣ ва ояндасоз мебошад. Ин қарор ба ҳифзи захираҳои обӣ, амнияти экологӣ, рушди илми глятсиологияи тоҷик ва омӯзиши кириосфера мусоидат намуда, аҳамияти илмии он солҳои минбаъда боз ҳам бештар эҳсос хоҳад шуд.
Убайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ,
ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст






