Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Abu Dhabi Grand Slam 2025», ки аз 28 то 30 ноябри соли 2025 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дохил буд, ки дар чаҳор вазн байни мардон рақобат карданд.
Аз байни паҳлавонҳои тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ва Суннатулло Мусоев дар вазни то 81 кг соҳиби медал гардиданд.
Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, ки ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард, бар Гаоҳуи Лин аз Чин дастболо шуд. Муҳиддин дар 1/8-финал ғолиби Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Ҳидоят Ҳайдарови 28-солаи озарбойҷониро шикаст дод. Қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоев дар чорякфинал бар Иоан Дзитак аз Руминия ғолиб омад. Баъдан ӯ дар даври нимниҳоӣ Даниел Гаргнини бразилиро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Аммо Муҳиддин дар даври ниҳоӣ аз Нилс Стампи пуртаҷрибаю номдори 28-сола аз Швейтсария ноком шуда, барандаи медали нуқра гардид. Ин дуюмин медали Муҳиддин Асадуллоев аз мусобиқаи Grand Slam-и ҷудо аст. Вай имсол дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тилло гирифта буд.
Суннатулло Мусоеви 21-сола дар вазни то 81 кг медали биринҷӣ гирифт. Вай низ ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Баъди пирӯзӣ бар Бенедек Тот аз Маҷористон ба 1/8-финал баромад. Суннатулло Мусоев баъдан бар Гаҷимурод Умаров ва Нугзари Таталашвили, ҳарду аз Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба карда, ба нимфинал роҳ пайдо намуд. Аммо паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври нимниҳоӣ аз Абдулкарим Тасуеви русиягӣ мағлуб шуд. Сипас Суннатулло барои медали биринҷӣ Гаҷидовуд Гасановро аз Баҳрайн шикаст дод. Ин аввалин медали Суннатулло Мусоев дар «Grand Slam» ба шумор меравад.
Инчунин дар шаҳри Абузабӣ паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ҷойи панҷумро гирифт. Боз ду паҳлавони тоҷик — Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ҷойҳои ҳафтумро гирифтанд.
Дар мусобиқоти «Abu Dhabi Grand Slam 2025» дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Русия бо касби 2 медали тилло, 4 медали нуқра, 2 ҷойи панҷум ва 3 ҷойи ҳафтум ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тилло, 2 биринҷӣ, 1 ҷойи панҷум ва 1 ҷойи ҳафтум зинаи дуюмро соҳиб гашт. Дастаи мунтахаби Олмон бо касби 2 медали тилло, 1 ҷойи панҷум ва 2 ҷойи ҳафтум зинаи сеюмро ишғол намуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, як нишони биринҷӣ, инчунин 1 ҷойи панҷум ва 2 ҷойи ҳафтум дар зинаи 14-ум қарор гирифт.
Ин мусобиқа бо мақоми «Grand Slam» бори даҳум доир шуд. Он бо иштироки 373 варзишгар (221 мард ва 152 зан) аз 52 давлати дунё аз рӯйи 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон баргузор гардид.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра — 3 ҳазор ва медали биринҷӣ — 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим гардиданд. Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёзҳо шуданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли 2024 дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Abu Dhabi Grand Slam 2024» се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Медали нуқраро Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило гирифт. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






