Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ

Декабрь 22, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳилаи муосир яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бештар аз бисту панҷ соли охир ҳадафҳо ва самтҳои муҳими давлатдории моро дар бахшу соҳаҳои муҳим таҳлилу арзёбӣ намудаю нақшаҳои минбаъдаро  коркард ва дар заминаи он дурнамои рушди давлатдориро муайян менамояд, паёмҳои ҳарсолаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошанд.

— Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар асоси моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муқаррар менамояд.

Мувофиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

16 декабр мо шоҳиди рӯйдоди муҳими таърихию хотирмон — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ гардидем.

Чуноне ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, «соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд».

Президенти сулҳовари мамлакат аз муҳимтарин рӯйдоди таърихии ҷумҳурӣ, яъне ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатиро ёдовар гардиданд. Таъкид карда шуд, ки «Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозанд».

Бешак, ин дастовардҳои муҳим, ки аз ташабусҳои беназири роҳбарияти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд,  барои таъмини суботу амният дар минтақа нақши арзанда доранд.

Бо ифтихору сарфарозӣ метавон таъкид намуд, ки соли равон низ иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат боиси боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардиданд. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», қабули қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» намунаи равшани ташаббусҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошанд, ки ин масъалаҳо дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсусан таъкид гардиданд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».

Боиси ифтихору сарафрозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун мешиносад ва эътироф менамояд. Миллати мо давоми таърих арзишҳои бузурги маънавие эҷоду корбаст намудааст, ки туфайли он мо имрӯз ҳувияти хешро устувор нигоҳ доштем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ руҷуъ ба арзишҳои бузурги маънавӣ амри бисёр зарурӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо василаи муҳими баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир маҳсуб мешаванд.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор доданд».

Бешак, таърих гувоҳ аст, ки аз ин ганҷинаи бебаҳои арзишҳои маънавии миллати мо на танҳо мардуми тоҷик, балки халқу миллатҳои дигар низ ба андозаи хиради хеш баҳра бардоштанд. Имрӯз дар олам халқу миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки новобаста аз нуфузи зиёд соҳиби давлату давлатдорӣ нестанд. Мардуми тоҷик маҳз ба туфайли арзишҳои маънавии хеш, ки дар радифи арзишҳои умумибашарӣ мақоми хосса доранд, ба зинаи имрӯзаи пешрафту камолот расида, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста дорад.

Аз ин рӯ, эҳтироми ин арзишҳо ва поку беолоиш ҳифз намудани онҳо вазифаи муқаддаси ҳар фарди тоҷик аст.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намуда,  бо назардошти ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд гардад.

Ин тадбир ба ташаббусҳои бузургу беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти худогоҳии миллӣ ва густариши эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ саҳифаи наве ворид намуд, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардид.

Соли 2026 барои мардуми мамлакат соли муҳиму хотирмон ва  таърихӣ мебошад. Зеро мардуми мамлакат имсол ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллиамон, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳод амри қонунӣ гирифта, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба тасвиб расид.

Ин тадбир масъулияти на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми шарафманди мамлакатро водор менамояд, ки бо масъулияти баланд дар бунёдкорию ободонӣ ва амалӣ намудани сиёсати роҳбарияти мамлакат саҳм гузоранд.

Президенти Тоҷикистон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ шаҳрвандони ватандӯсти мамлакатро даъват намуданд, ки «мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд».

Ин иқдом масъулияти моро ба иқдом гирифтан дар амалҳои  шоиста ва корҳои муҳиму  бунёдкорона тақозо менамояд. Маҳз шаҳрванди худшиносу ватандӯст бо эҳсоси масъулият дар иҷрои амалҳои хайр кӯшиш менамояд ва худро бетараф намегирад.

Таърих низ собит намудааст, ҳар кишваре, ки шаҳрвандонаш ватандӯсту худшинос ва аз назари фикрӣ қавӣ мебошанд, истиқлоли он  ҳамеша пойдору устувор аст.

Давлате, ки шаҳрвандонаш эҳсоси баланди ватандӯстию худшиносӣ ва зарфияти зарурии сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ надоранд, дар шароити имрӯза ба бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, геополитикӣ ва хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳони муосир тобовар буда наметавонад.

Ҳадафи аслӣ ва меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бояд ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ташкил диҳад.

Таъкиди ин нукта низ бамаврид аст, ки худшиносию ватандӯстӣ  омили суботу амният дар ҷомеа мебошад. Зеро нафари ватандӯст ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта, нисбат ба сарнавишти ватану миллат ҳамеша эҳсоси масъулият зоҳир менамояд.

Ватандӯстию худшиносии миллӣ дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст.

Пешвои миллат ҳамеша суботу амниятро омили муҳими пешрафту шукуфоӣ арзёбӣ намуда, барои таҳкими он тамоми мақомоти давлатиро масъул ва вазифадор менамояд. Бешак, ҳама дастовардҳои давлати мо самари суботу амният мебошад. Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки  ҳалли тамоми масъалаҳои ҷомеа дар он инъикос ёфта, ба таъмини рушди устувори мамлакат ва таҳкими давлатдории миллӣ равона гардидааст.

Амалисозии нуктаҳои муҳимми он вазифаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатии сатҳҳои мухталиф, кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳар фарди худшиносу ватандӯсти мамлакат мебошад.

Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд