Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сокинони шаҳри Турсунзода илҳоми тоза бахшид

Декабрь 16, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тамоми сокинони шаҳри Турсунзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарогири тамоми соҳаҳои фаъолият буда, ба таври пурмуҳтаво ва ҷолибу назаррас пешниҳод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон ва ҳар оиларо даъват намудданд, ки бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намоянд.

Инчунин таъкид намуданд, ки «раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне, ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азиз кори неке анҷом дода, созандаю бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳама самту соҳаҳо мебошад. Фаъолияту дастовардҳои чанд соли охири соҳибистиқлолӣ дар он хеле ҷолиб таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳо барои оянда возеҳу мушаххас нишон дода шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 16, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд