Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Машруъият ё қонунӣ будани пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар банди якуми моддаи 69-и Конститутсия, ки дар он салоҳиятҳои Президенти Тоҷикистон ифода ёфтааст, чунин омадааст: «Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».
Қобили гуфтан аст, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бахшида шуда, ҳамасола пешниҳод мегарданд, дар доираи ҳамин салоҳиятҳо мебошанд, ки дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор мераванд.
Агар мо аз нигоҳи усулӣ моҳияти паёмҳои Президенти Тоҷикистонро баён намоем, пас онҳо ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии ҷумҳурӣ буда, ҷанбаи барномавӣ, натиҷагирӣ, руҳбаландкунандагӣ ва ҳамгироикунандагӣ доранд. Асосан паёмҳо ифодакунандаи натиҷаи ноил гардидани мардуми ҷумҳурӣ ба ҳамон чор ҳадафи стратегӣ мебошанд, ки муҳтавои он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Паёми Президенти Тоҷикистон аз 16 декабри соли равон ифодагари ҳамин хусусият буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар ибтидо дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба ду масъалаи муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ истода гузаштанд, ки дастоварди беназир дар соли 2025 ба шумор мераванд. Якум- ин баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи марти соли 2025 доир гардид. Воқеан интихобот маъракаи муҳими сиёсиест, ки дар шароити давлати соҳибистиқлоли демократӣ воситаи асосии иштироки халқ дар идоракунии давлат ва рушди ҷомеа мебошад.
Дуввум дастоварде, ки он ҳам ба моҳи марти соли равон рост омада буд, ба имзо расонидани санадҳои муҳим байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатии ду ҷумҳурӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба буданд. Кушодашавии сарҳади байни ду давлат қадами бузург дар сиёсати хориҷии мамлакат ба шумор меравад. Ҳамзамон дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намудани сарварони се давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар ин рӯзи таърихӣ, гӯё аз таҳкими дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд. Ин ду падидаи муҳиме буданд, ки дар соли 2025 ба вуқӯъ пайваст ва дар ин санад бори дигар таъкид гардид.
Бояд гуфт, ки дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон бо сарварии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даҳсолаи охир ба даст овардаанд, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд. Пеш аз ҳама, бояд иброз намуд, ки дастовардҳои ноилгардида натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ мебошад, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардиданд.
Воқеият ин аст, ки мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки имрӯз дар мамлакати мо раванди ҳамгироии қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад. Чунин ҳолат аз натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа ва рушди сиёсати иҷтимоӣ мебошад, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мо муҳайё намудааст.
Пас, раванди ҳамгироии иҷтимоӣ, ин мафҳуми илми ҷомеашиносӣ мебошад, равандест, ки пайванд ва ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Тамоми афроди ҷомеа барои эҷоди фазои ягонаи иҷтимоӣ мекӯшанд, ки дар ҷомеа баробарии ҳуқуқии қавмию миллӣ ва мазҳабию фарҳангӣ нигоҳ дошта шавад. Дар ин раванд, ки тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, тамоми аъзои ҷомеа озодона фаъолият мекунанд. Ин аст, ки дар фазои давлати озоди соҳибистиқлол имрӯз нишондиҳандаи дарозумрӣ ба 77 сол расидааст: «Аҳолии ҷумҳурӣ аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид». Албатта, барқарор намудани фазои солими иҷтимоӣ ва таъмини амният ва осоиши ҷомеа бо саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар фазои ваҳдат ва ҳамгироӣ зистан ба аҳли ҷомеа имконият фароҳам меорад, ки боз ҳам ба бунёд ва рушди ҷомеа камари ҳиммат банданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд ва барои ҳаёт ва зиндагии шоиста, ки ҳуқуқи маънавии ба он ноил шудандро ҳар як шаҳрванди мамлакат доранд, кӯшиш намоянд.
Маҳз корҳои бузурге, ки ба анҷом расидаанду дар он кишоварзон, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва дигар афроди ҷомеа саҳм гузоштаанд, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид. Роҳбари давлат бо самимияти хос изҳори миннатдорӣ ба афроди ободкор намуда, таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистони азиз борҳо мушкилиҳоро аз сар гузаронида, ба муваффақият ноил гардидаанд. Имрӯз низ дар саросари мамлакат раванди босуръати ободкориву созандагӣ идома дорад, маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо обод мегарданд, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд. Ин ҳама аз натиҷаи ободкориву олиҳимматӣ ва ҷавонмардии мардуми шарифи мамлакатамон аст, ки ин сифатҳои нек дар пайкари ин миллати қадим аз қадимулайём нуҳуфта аст ва боиси ифтихор низ ҳаст. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Боиси тазаккур аст, ки раванди ҳамгироии иҷтимоӣ метавонад барои муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеа хизмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид гардидан, барои ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан, барои бомаърифат намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намудан, бар зидди ҷаҳолату хурофот мубориза бурдан, ватанро дӯст доштану барои ободии он саҳм гузоштан ва барои рушди босуботи ҷумҳурӣ кору пайкор намудан, мусоидат менамояд. Ин ҳама нуктаҳое буданд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид гардиданд.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ин талошҳо барои фароҳам овардани шароит барои коҳиш ва барҳам додани нобаробарӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин баланд бардоштани амнияти моддиву молиявии шаҳрвандони мамлакат ва некуаҳволии онҳо мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини имтиёзҳои иҷтимоии конститутсионии шаҳрвандон кӯшиш намуда, барои тақвияти модели давлати иҷтимоии муваффақ қадам ба қадам пеш меравад.
Нусратулло ЗОКИРЗОДА,
мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа
АКС: АМИТ «Ховар»








Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон






