ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсати давлатӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии давлатро муайян мекунад. Ин ҳуҷҷат на танҳо вазифаҳои стратегии давлатро муқаррар месозад, балки барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ роҳнамои амал мегардад. Дар ин замина Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳамчун яке аз марказҳои пешбари илму маориф фаъолияти худро тибқи ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ба роҳ монда, талош мекунад, ки муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дар амал татбиқ намояд.
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, ки рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва тақвияти илми муосир аз ҳадафҳои калидии сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ин ҳадафҳоро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият пазируфта, ба такмили барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии омӯзиш ва рушди таҳқиқоти илмӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар филиал корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, такмили барномаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат, густариши ҳамкории илмӣ бо донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ.
Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 масъалаи тарбияи мутахассисони баландихтисос мебошад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Дар ин замина Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи бой ва мутобиқсозии он ба шароити миллӣ барои омода намудани кадрҳои рақобатпазир заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар ин раванд таваҷҷуҳ ба тарбияи шаҳрвандии донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ нақши калидӣ дорад. Чунин равиш пурра ба руҳия ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мутобиқ буда, ҳадафи асосии онро ташаккули насли огоҳ, донишманд ва масъулиятшинос ташкил менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии донишҷӯён дар Филиал аз пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 то пешниҳоди Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 беш аз 150 чорабинии дорои хусусияти тарбиявӣ баргузор карда шуд.
Инчунин Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба рушди иқтисоди ба дониш асосёфта, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ ҳамчун омилҳои муҳими пешрафти мамлакат сухан гуфта, таъкид намуданд, ки асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.
Дар ин замина Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо таъсиси муҳити илмӣ-инноватсионӣ, дастгирии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва ташкили чорабиниҳои илмӣ-инноватсионӣ дар татбиқи ин самтҳо саҳми назаррас мегузорад.
Донишҷӯён ва омӯзгорон дар доираи лоиҳаҳои муштарак ба таҳқиқи масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ машғул шуда, натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар ҳамоишҳои илмӣ ва нашрияҳои бонуфуз пешниҳод менамоянд. Ин фаъолияти онҳо ифодаи равшани татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи илм мебошад.
Дар филиал ба ҳаёти иҷтимоӣ ва тарбиявии донишҷӯён низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, даврҳои омӯзишӣ ва вохӯриҳои таҳлилӣ ба анъанаи доимӣ табдил ёфтааст.
Ин чорабиниҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро амиқ дарк намуда, мавқеи худро нисбат ба масъалаҳои муҳими рушди давлат ва ҷомеа муайян созанд. Ҳамин тариқ, филиал на танҳо чун муассисаи таълимӣ, балки ҳамчун мактаби тарбияи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ низ фаъолият мекунад.
Фаъолияти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки ин муассиса Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олиро ҳамчун санади роҳнамо ва барномаи амал қабул намудааст. Ҳар иқдом дар соҳаи таълим, илм ва тарбия бо ҳадафҳои стратегии давлат ҳамоҳанг гардида, ба рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд.
Баҳрулло ФАЙЗАЛИЗОДА,
директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»/ муаллиф








САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад






