Паёми Президенти Тоҷикистон тақвиятбахши худогоҳии миллӣ дар пояи созандагию бунёдкорӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли равон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии моро фаро мегирад. Ин санад дар баробари таъйини самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ моро бо якчанд масъалаҳои муҳими ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва ҳувиятию тафаккури созанда, аз ҷумла масъалаи худогоҳии миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ шинос менамояд. Ин масъалаҳо дар раванди таҳаввулоти чанд даҳаи охир дар доираҳои илмию ҷамъиятӣ масъалаҳои муҳим ва мавриди баҳсҳои мухталифро ба миён овардаанд.
Маҳз баъди шикасти идеологияҳои космополитикии яккақутбию дуқутбӣ меҳвари арзишофаринии давлатҳои миллиро худогоҳии миллӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти аслии онро бунёдкорию созандагӣ асос мебахшад. Фалсафаи таърихи муосири Тоҷикистонро, бешубҳа, метавон таърихи созандагию бунёдкорӣ номид. Дар саргаҳи ин эҳёи навини миллии мо ибтикорот ва созандагию бунёдкории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал маҳз дар «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим доранд. Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки «ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Чунин биниши арзишофаринӣ ва аҷр гузоштан ба дастовардҳои гузашта давоми солҳои истиқлоли ҷумҳурӣ моро бори дигар ба худ шиносонд ва пардаи торику норушани саҳифаҳои баркандаи идеологҳои мардумхор ва муҳоҷимро нуру зиё бахшид. Ҷавонони мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ин солҳо файзёб гардида, руҳияи таҳаммулу чандандеширо дар ниҳоду зеҳнияти худ парвариш дода истодаанд.
Масъалаи бисёр муҳиме, ки дар замони истиқлоли мамлакат хеле ба таври назаррас ҳамагонӣ шуд ва эътимоди миллии моро ба сатҳи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамоҳанг намуд, ин баланд бардоштани мақоми занону духтарон мебошад. Аввалан занҳо пурра ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд ва баъдан дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор гирифта, ҳувияти сохтаю бофтаи идеологҳоро ба боди фано супориданд.
Пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2026 ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон карда шавад, саривақтӣ аст. Эҳё ва тақвият бахшидани ин тамоюл ба раванди фарогир дар сатҳи миллию байналмилаӣ рисолати ҳар шаҳрванд ва равшангарони ҷомеа маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем. Мероси таърихиву фарҳангии гузаштагони мо шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад… мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона дар асрҳо 8-7 пеш аз милод шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ ба дурустӣ баён доштанд, ки ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошанд. Бинобар ин давоми панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии истиқлол сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд (26 ҳазор иншоот бунёд шудааст, ки аксарият аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон аст). То рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирад. Ҳар фарди ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азиз кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад. Мардуми Тоҷикистон қудрату имконияти азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нисбат ба паёмҳои солҳои гузашта бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, тамоюли рушди ҷумҳурӣ аз мамлакати амниятмеҳвар ба давлати иқтисодмеҳвар тавҷеҳ дода шуд. Асосу бунёди ин давлатро рифоҳу осудагии мардум ва ҳар сокини бонангу номуси ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,
мудири кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналмилалии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?






