Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми мардуми мамлакат Паём пешниҳод намудани Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзи асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Паёмгузории сарварони давлатҳо таърихи худро дорад. Паёмгузорӣ ҳанӯз дар асри XIII дар Англия шуруъ шуда буд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ин анъана ба расмият даромад. Бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти вақти мамлакат Ҷорҷ Вашингтон соли 1790 ба Конгресс паём ирсол намуда буд. Баъдҳо дар давлатҳои ҷаҳон паёмгузорӣ ҳамчун барномаи рушди самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, амалкардҳои давлат, ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдӣ роиҷ гардид.
— Паём нахуст моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Он як навъ ҳисоботи роҳбари давлат ба шаҳрвандони мамлакат маҳсуб шуда, бозгӯи моҳияти демократӣ доштани низоми идорӣ мебошад. Агар ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назари таҳқиқ нигарем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки дар онҳо паҳлуҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъият ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳлили сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг, таъмини амният ва бисёр дигар масъалаҳои рӯзмарра таҳлили амиқ ёфтаанд.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Чӣ дар назарияи сиёсатшиносӣ ва чӣ дар амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат саҳм гузорад. Беҳуда нест, ки аз миёни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳим дошта, ба рушди ҳамасамтаи давлат таъсири мусбат мерасонад.
Анъанаи паёмгузорӣ мақоми ҳуқуқиро соҳиб буда, дар моддаи 70 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «… дар бораи вазъи мамлакат ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ абзори муҳими давлатдорист.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин санад соли сипаришуда бо паёми навбатӣ ҷамъбаст шуда, марҳилаи тайшуда таҳлил ва бурду бохти як соли рушди давлат баҳогузорӣ мешавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавзуъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзуъҳое, ба монанди таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо суханони «соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид» оғоз мегардад. Бале ҳамин тавр ҳаст. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (марти 2025), яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Зиёда аз як садсола мушкилоти сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳал ношуда монда буд. Масъалаи сарҳад масъалаи саҳл набуда, балки баробари Истиқлолияти давлатӣ аҳамият дорад. Агар давлат сарҳад надошта бошад, пас худи давлат вуҷуд надорад.
Эълони истиқлолият ҳанӯз ибтидои кор аст, давлат дар баробари истиқлолият бояд сарҳади муайян ва аломатгузоришуда дошта бошад ва дар доираи қаламраваш амали меъёрҳои конститутсияву қонунҳояш бояд таъмин карда шаванд.
Муайян ва аломатгузорӣ намудани марз барои ҳар миллат вазифаи муҳимтарин дар роҳи ташкили давлати соҳибистиқлол мебошад. Вақте ки миллат сарзамини муайяни зист дорад, эҳсоси ватандӯстиаш ҳам комилу воҳид аст.
Дар бораи сарҳад андешаҳояшро давом дода, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се мамлакат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозанд».
Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2025 дар ҷаласаи ҳафтум ду қатънома- яке «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва дигаре «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардани соли 2027-ро қабул намуд. Магар ин ҷои ифтихор аз ватану Президенти мамлакат нест? Ҳаст! Дар як рӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди як давлат қабул гардидани ду қтънома ҳодисаи нодири таърихист. Ифтихор кунед шаҳрвадони азиз, ифтихор аз Тоҷикистону аз Пешвои миллат. Ин ибтикору ифтихор аз ватану аз Пешвои миллат ба ҳама ҳамватанон муборак бошад!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд намудани Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Итминон дорам, ки амалӣ намудани ин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».
Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.
Дар робита ба ин ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Соли равон бо саъю талошҳои мамлакати мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
Ташаббуси Президенти мамлакатро дар бораи эълони соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ метавон ҳамчун қадами муҳим ва ҳадафманд дар роҳи рушди устувори мамлакат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ шарҳ дод.
Аввалан, «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026 ба он хотир аст, ки давлат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтор, ободии шаҳру деҳот, сохтмони роҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин иқдом на танҳо симои мамлакатро зебо мегардонад, балки барои рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор низ замина мегузорад.
Пайваст кардани корҳои созандагӣ бо тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ хеле рамзӣ ва муҳим аст. Ин нишон медиҳад, ки рушди моддӣ бояд ҳамқадами рушди маънавӣ бошад. Худшиносии миллӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва эҳсоси масъулият барои ояндаи давлату миллатро дар зеҳни шаҳрвандон, махсусан ҷавонон тақвият мебахшад.
Сеюм, азбаски ин ташаббус ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ эълон шудааст, мардумро ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ҳидоят мекунад. Ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад дар ободии Ватан саҳм гузорад.
Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ воситаи муҳими сафарбарсозии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудани соли 2026 тамоми сохторҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба иҷрои ҳадафи муштарак равона мекунад- ин ҳамоҳангсозӣ самаранокии сиёсати давлатиро афзоиш медиҳад.
Корҳои ободониву созандагӣ танҳо сохтмон нестанд. Онҳо инчунин ислоҳоти идоракунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рушди иқтисоди «сабз», беҳтар кардани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар бар мегиранд. Яъне, сухан дар бораи рушди ҳамаҷонибаи мамлакат меравад.
Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти хос дорад. Имрӯз, ки равандҳои гуногуни фарҳангӣ ва иттилоотӣ ба шуури ҷавонон таъсир мерасонанд, давлат вазифадор аст арзишҳои миллиро ҳифз ва таблиғ намояд. Ин ташаббус метавонад ба омӯзиши амиқтари таърих, гиромидошти шахсиятҳои барҷаста, эҳёи суннатҳои миллӣ ва боло бурдани мақоми забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Ин иқдом дорои паёми равшани тарбиявӣ аст. Он шаҳрвандонро ба ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, қонунпазирӣ ва масъулияти иҷтимоӣ даъват мекунад. Вақте инсон дар ободии деҳа ё шаҳри худ саҳм мегузорад, худшиносии ӯ табиатан боло меравад ва эҳсоси соҳибватанӣ қавитар мегардад.
Аз ҷиҳати сиёсати давлатӣ ин сол метавонад ҳамчун марҳилаи омодагӣ ба дастовардҳои нави стратегӣ арзёбӣ шавад. Яъне, он на танҳо ба гузашта (ҷашн), балки ба оянда нигаронида шудааст — таҳкими пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии давлат барои наслҳои минбаъда.
Дар маҷмуъ, эълони соли 2026 бо чунин мазмун нишон медиҳад, ки роҳбарияти мамлакат рушди Тоҷикистонро ҳамчун раванди муттаҳидшуда мебинад: рушди иқтисодӣ + ободонии Ватан + худогоҳии миллӣ = давлати устувор ва ҷомеаи солим.
Хулоса, ин иқдом даъват ба амал аст: ҳам барои давлату ниҳодҳо ва ҳам барои ҷомеа. Он ҳадафи ягона дорад — бунёди Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафта бо ҷомеае, ки дорои худогоҳии баланд, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Ин қарзи миллию имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!
Вақте давлатҳо ба истиқлол мерасанд, ин ҳанӯз ибтидои роҳи давлатсозию миллатсозист. Табиист, ки дар давраи нави таърихӣ арзишҳои нав ба вуҷуд меоянд. Аммо арзишҳои давлатсозу миллатсоз, яъне арзишҳои аслӣ, ба мисли таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми низоми қонунии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ифтихор аз шаҳрвандӣ, садоқату самимият ба давлату миллат ба худ мазмунҳои нав касб намуда, мутобиқ ба мазмуни даврони соҳибистиқлолӣ такмил меёбанд. Яъне арзишҳои аслӣ аз байн намераванд, балки такмили шаклу мазмун менамоянд. Муҳим он аст, ки ин арзишҳо муайянкунандаи симою тафакури миллӣ бошанд. Ба фарҳанги фардҳо, наслҳо ва халқҳо табдил ёбад. Фарҳанги миллии мо забони умумибашарӣ дорад. Агар пайкари миллат аз гили ҳамин арзишҳо ва дигар арзишҳои умумибишарӣ сохта шавад, фатҳи ҳама гуна ҳадафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Ҳар насле, ки пой бар остонаи мактаб мениҳад, бояд доранда ва барандаи арзишҳои миллию давлатӣ бошад. Дар ин ҷода нақшу заҳмати падару модарон, омӯзгорону устодон, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муайянкунанда ва ҳалкунанда мебошад, зеро барои фарогир шудани фарҳанги миллӣ ва арзишҳояш он дар шаклу сатҳи як тафаккур ва фарҳанг асоси ҳувияти наслҳоро ташкил медиҳад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
АКС: АМИТ «Ховар»








Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд






