ПАЗИРОИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛӢ — БА ХОТИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 23, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар низоми давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» на танҳо санади сиёсӣ, балки дорои аҳаммияти амиқи фалсафӣ, маънавӣ ва методологии рушди давлат мебошанд. Ин санад маҷмуи андешаҳоеро таҷассум мекунад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуда, дурнамои рушти самтҳои мухталиф дониста мешавад. Яъне, таҷрибаи ду даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ асоси рушду нумуъ, пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистон аст. Зеро мардуми мамлакат ба ин санади созандаи муҳим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, онро роҳнамои фаъолияти минбаъдаи худ қарор медиҳанд.

Паём – роҳнамои рушду пешрафт

Хусусияти муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки фарогири вазифаҳо, нишондиҳандаҳо ва самтҳои мушаххаси соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ мебошад. Дар шароити муосир, ки давлатҳо ва ҷомеаҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ босуръат рушд меёбанд, нақши санадҳое, чун Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо аҳаммияти иттилоотӣ, балки хусусияти маърифатӣ, мафкуравӣ ва ояндабиниро доро мебошад. Он ҷомеаро ба сӯйи тафаккури созанда, маърифати созгор ва ояндаи дурахшон роҳнамоӣ менамояд.

Паём – заминаи эҳёи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ ва густаришу доман паҳн намудани ҷанбаҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла бархурди тамаддунҳо, яроқнокшавии босуръат, паҳн гаштани маводи мухаддир, таҳдиди силоҳҳои ҳастаӣ, афзоиши амалҳои экстремистию террористӣ, миллатгароӣ ва нажодпарастӣ ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ боз ҳам мураккаб мегардад. Аз ин лиҳоз, бинобар ба миён омадани чунин вазъи мураккаб талошҳои кишварҳои ҷаҳон барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар шинохти давлату миллатҳо шакли дигар гирифта, бо истифода аз василаҳои гуногуни таъсиррасони муосир пайи муаррифии гузаштаи хеш гардида, ҳастии кишвару миллати худро таъмин месозанд.

Новобаста аз мураккабии ҷомеаи башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат масъалаи муаррифии арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷикро дар арсаи байналмилӣ дар мадди аввал гузоштааст, ки ин иқдоми наҷиб марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд. Тавре ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз мақсадҳои асосии Ҳукумати мамлакат дониста шуда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Зеро Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ вазифадор аст, ки ҳувияти фарҳангӣ ва маънавии худро ҳифз намояд.

Паём – таҳкимбахши маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи башарӣ доир ба масъалаҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои муфид, саривақтӣ ва самарабахш пешниҳод месозад. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, танзим ва рушди зеҳни сунъӣ қобили пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.

Боиси ифтихор аст, ки 12 декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи иҷлосияи 80-ум қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Аҳаммияти эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» дар инҳо ифода меёбад: ба роҳ мондани таълими ҳуқуқӣ; таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ; рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ; омӯзиши ҳуқуқи инсон; ҳамкории ниҳодҳои миллию байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ.

Бояд иброз дошт, ки ташаббуси мазкур дар самти риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими арзишҳои ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар сатҳи миллию байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон саҳми бориз хоҳад гузошт.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими адолату қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба ин васила ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардида буд.

Эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» идомаи мантиқии ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин гувоҳи он аст, ки Сарвари давлати тоҷикон на танҳо талошҳои хастагинопазирро барои рушду инкишоф ва таъмини сулҳу амният дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд, балки барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ ва ба ин васила таъмини сулҳи пойдор дар кишварҳои ҷаҳон саҳм мегузоранд.

Аз ин рӯ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун идомаи мантиқии арзишҳои миллӣ муаррифӣ гардидаанд. Ин нишон медиҳад, ки давлат кӯшиш менамояд арзишҳои дохилиро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад ва чун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ба унсури муколамаи байналмилалӣ барои ҳифзи арзишҳои ҷаҳонӣ табдил диҳад.

Исмоил ШАРИФЗОДА,
сардори раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Декабрь 23, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд