Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд

Декабрь 25, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити арзандаи зиндагии ятимону бепарасторон ва беҳсозии таълиму парвариши хонандагон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ки имсол аз озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 28 ҷойи ифтихорӣ ва 2 шоҳҷоиза, “Илм-фурӯғи маърифат” 20 ҷой гирифта, ҳамчунин аз олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 800 хонанда соҳиби медал гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди мулоқот онҳоро таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, илмҳои муосир ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят намуданд.
Мулоқот бо ятимони кулл, хонандагони болаёқат, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд