Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок намуданд

Декабрь 20, 2025 09:02

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар шаҳри Токио Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон баргузор гардид.

Дар кори форуми тиҷоратӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣиштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш таҳкими минбаъдаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, хусусан бо таваҷҷуҳ ба самтҳои рушди сабз ва устуворӣ, рақамикунонӣ, молия, зарфияти инсонӣ ва рушди низоми иҷтимоӣ барои тиҷорат мебошад.

Дар интиҳои кори форум Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи суханронӣ намуда, сарони давлатҳо ва доираҳои соҳибкории кишварҳоро хайрамақдам гуфт.

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷумла, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар соҳаи саноат, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026-2028, Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи таҷдиди таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен дар масири нақлиёти байналмилалии Транскаспий”, Созишномаи грантӣ дар бораи лоиҳаи «Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ барои шаҳри Душанбе», Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидории Ҷопон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддоштҳо оид ба “Лоиҳаи таҳкими низоми коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ”.

Дар ҳошияи Бизнес-форуми минтақавии Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон низ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд. Аз қабили, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Masui Co., Ltd”, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Curtis Creek Co., Ltd. дар самти пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии метеорологии Ҷопон, Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати ҷопонии “Splice-Lab Co., Ltd. дар самти омода намудани муҳандисони маҳаллӣ дар соҳаи сохтмони пулҳо ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” барои қабули мошинҳои мобилии тиббӣ.

Дар маҷмуъ аз руи натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон наздики 20 санади нав ба имзо расид.

Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон 20.12.2025

Декабрь 20, 2025 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Наруҳито мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд