РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
ДУШАНБЕ, 18.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои мамлакат дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
— Асри XXI давраи тағйироти босуръати технологӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз давлатҳое пешрафта ба шумор мераванд, ки тавонистаанд технологияҳои иттилоотиро ба иқтисод, идоракунӣ, саноат, энергетика, маориф ва хизматрасониҳо самаранок ворид намоянд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ тавваҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси ҷумҳурии мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Иқдоми мазкур, ки имрӯз ба қатъномаи расмии Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст, бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзо пазируфта шуда, дар ташкили заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (artificial intelligence) қадами муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад.
Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зеҳни сунъӣ ҳамчун раванд ва воситаи муҳим дар рушду суботи ҷаҳонӣ матраҳ гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёт истифодаи оқилона ва одилонаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ба масъалаи рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо нигоҳи дурбинона ва воқеъбинона ин ҷараёнро пешбинӣ намуда, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва этикӣ барои танзими рушди ин равандро баррасӣ намуданд.
Қабули он дар сатҳи глобалӣ баёнгари боварии ҷомеаи байналмилалӣ ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имконияти транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Ин санади муҳим равшан нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо раванд, балки афзалияти стратегӣ барои рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар даҳсолаи охир иқтисоди Тоҷикистон рушди устуворро таҷриба намуд. Баланд шудани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ (дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт) далели он аст, ки ислоҳоти иқтисодӣ самаранок татбиқ мегардад. Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди минбаъда бе гузариш ба иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст.
Иқтисоди рақамӣ ин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, интернет, платформаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ ва додаҳои бузург (Big Data) дар фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки барои таъмини рушди устувор бояд ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ зиёд гардида, инфрасохтори муосири молиявию рақамӣ тақвият дода шавад.
Имрӯз рушди пардохтҳои электронӣ, хизматрасониҳои онлайн ва рақамикунонии низоми андоз имкон медиҳад, ки шаффофият дар муомилоти молиявӣ таъмин гардад; омилҳои инсонӣ ва коррупсионӣ коҳиш ёбанд; фаъолияти соҳибкорӣ сода ва дастрас шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки то имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкории фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.
Яке аз самтҳои муҳими ислоҳот рақамикунонии идоракунии давлатӣ мебошад. Таъкид шуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бояд таъсири омили инсониро дар тамоми муносибатҳои молиявию маъмурӣ коҳиш диҳад.
Намунаи равшани самаранокии рақамикунонӣ ҷорӣ намудани низоми биллингии рақамӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Пеш аз ин талафоти неруи барқ ба 30–40 фоиз мерасид. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми рақамӣ ҳисобҳо дақиқ гардиданд; сатҳи талафот ба маротиб коҳиш ёфт; ҷамъоварии маблағҳо беҳтар шуд; даромади соҳа афзоиш ёфт.
Ин таҷриба собит месозад, ки рақамикунонӣ на танҳо технология, балки воситаи шаффофият ва самаранокӣ аст.
Зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дастур доданд, ки барои пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Феълан бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ таҳия гардида, дар заминаи он аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – «khizmat.ehukumat.tj» амалӣ гардидааст.
Дар назди Агентӣ барои содаю осон кардани пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасонии давлатӣ ташкил карда мешавад, ки дар ин самт корҳои таъмирию сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Дар марҳилаи аввал 20 намуди хизматрасонии давлатӣ ба тариқи мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон дар назар аст, ки то охири соли 2025 ин шумора ба беш аз 50 адад расонида шуда, аз ҷониби мақомот, ташкилоти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ онҳо минбаъд аз тариқи портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ амалӣ мегарданд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хидматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо ба ҳаёти мардум роҳ меёбанд.
Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатиро масъалаи аввалиндараҷа шумориданд.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки зеҳни сунъӣ имрӯз дар чунин самтҳо аҳаммияти хос дорад: таҳлили додаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; пешгӯии равандҳои бозори меҳнат; идоракунии самараноки захираҳои энергетикӣ; рушди хизматрасониҳои рақамии давлатӣ; таҳсилоти фардӣ ва тибби рақамӣ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд.
Таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва марказҳои додаҳои “маълумоти сабз” метавонанд Тоҷикистонро ба маркази муҳими технологияҳои муосир дар минтақа табдил диҳанд.
Бояд гуфт, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбут мусоидат хоҳад кард:
— пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни паркҳои технологӣ дар минтақа;
— ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
— ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
— ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
— пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Таҳияи чунин рӯйкардҳои мукаммал на танҳо барои кишварҳои минтақа аҳамияти бузург дорад, балки метавонад барои дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи муваффақ хизмат кунад.
Раванди рақамикунонӣ, татбиқи ҷузъиёти зеҳни сунъӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ бе интернети босуръат ғайриимкон аст. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҷдиди хатҳои нахиву нурӣ, зиёд намудани каналҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани фарогирии интернет махсус таъкид гардид.
Дар ин раванд Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати амалисозии иқдоми созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» -ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Бояд гуфт, ки инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ шароити мусоид барои рушди соҳибкориро фароҳам меорад; хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусиро дастрас мекунад; таҳсилоти фосилавӣ ва тиҷорати электронӣ рушд меёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, омодасозии кадрҳои соҳа мебошад. Бе кадрҳои соҳибтахассус гузариш ба иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро омӯхта, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои IT, зеҳни сунъӣ, киберамният ва таҳлили додаҳоро вусъат бахшанд.
Ҳамин тариқ, имрӯз Тоҷикистон дар остонаи марҳалаи нави рушди худ қарор дорад. Рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо имконият, балки зарурати таърихӣ мебошанд. Татбиқи пайгиронаи ислоҳоти рақамӣ имкон медиҳад:
— идоракунии давлатӣ самаранок гардад;
— иқтисод рақобатпазир шавад;
— сатҳи зиндагии аҳолӣ боло равад;
— ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳким ёбад.
Дар маҷмуъ, бо истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ ба зеҳни инсонӣ Тоҷикистон метавонад ба давлати пешрафта, устувор ва рақобатпазир табдил ёбад.
Фирӯзҷон ҒАФФОРОВ,
муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ








Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста
Паёми Президенти Тоҷикистон стратегияи комили давлатӣ барои солҳои минбаъда мебошад
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид






