Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Вена Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин авлавияти Тоҷикистонро дар се ченаки ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ муаррифӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба воқеаҳои нохуше, ки ҳафтаи гузашта дар сарҳад бо Афғонистон рух дода буданд, зарурати тавсеаи ҳамкориро байни кишварҳои иштирокдори Созмон барои вокуниш ба хатарҳои умдаи ҷаҳони муосир таъкид кард.
Сироҷиддин Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории созанда бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои он бо мақсади пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таъмини ба роҳ мондани ҳадафҳои Созмон дар кулли минтақаи он иброз дошт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






