Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастҷамъона тамошо намуданд

Декабрь 16, 2025 18:00

РӮДАКӢ, 16.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рӯдакӣ пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ медиҳад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид  ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайра вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сардори нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ Дилшод Ҳакимзода иброз намуд, ки «бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозор, муҳайё намудани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ барои сокинони мамлакат сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ карда мешаванд. Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад».

Бояд гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ  дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти рушди давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд.

Мудири китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳайё Инатуллоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди саноатӣ ворид гардида, таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ва дастгирии халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз ва соҳибкорони бонангу номус бо роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд собитқадамона пеш меравад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо, кормандон тамоми нуктаҳои Паёми Роҳбари давлатро дар фаъолияти кориямон иҷро намуда, дастуру супоришҳояшонро роҳнамои фаъолияту зиндагӣ қарор медиҳем».

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, амнияти мамлакат ва муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои сокинони ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд