ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 15, 2025 08:00

15 декабри соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

15 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест»-ро мавриди истифода қарор доданд.

15 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии чой.

***

Дар Русия – Рӯзи хотираи журналистони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокшуда.

РӮЙДОДҲО:

Соли 1972 — нахустин агрегати Неругоҳи барқии обии «Норак» ба кор даромад.

***

15 декабри соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

Соли 2006 — дар доираи ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ- садоқат ба Президенти Тоҷикистон» қабул шуд.

***

15 декабри соли 2016  байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

Соли 1972 ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.

***

Соли 1923 тамғаи ширкати мошинсозии «Шкода» ба қайд гирифта шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сафар Амиршоев — соли 1912— иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сержанти калони гвардия.

Декабрь 15, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш