ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
17 декабри соли 2012 дар Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори фахрии риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуданд.
***
17 декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари давлатӣ намуданд.
17 ДЕКАБР:
Рӯзи хаткашон
***
Рӯзи кинои Беларус.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.
***
Дар Бутан- Рӯзи миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
17 декабри соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Шурои Маҷлиси намояндагон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.
***
17 декабри соли 1962 Конститутсияи Монако ба амал бароварда шуд.
***
Соли 1965 ғафстарин шумораи «Ню-Йорк Таймс» дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.
***
Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин маротиба ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.
***
Соли 1926 нахустин барӯйхатгирии аҳолӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ гузаронида шуд.
***
17 декабри соли 1903 аввалин парвози ҳавопаймо дар ҷаҳон дар Иёлоти Муттаҳида ба амал омад.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:
Моёншо Назаршоев -соли 1929, арбоби давлатӣ, вакили Парлумони Тоҷикистон, олим, доктори илмҳои таърих, профессор. Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст






