ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 18, 2025 08:01

18 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.

***

18 декабри соли 2012  дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

18 декабри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2015 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.

18 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон.

***

Рӯзи байналмилалии забони арабӣ.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони ақди никоҳ

***

Дар Қатар – Рӯзи миллӣ

***

Дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 декабри соли 1998 дар Тоҷикистон аввалин интернет-провайдер ба кор даромад.

***

 18 декабри соли 2018 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи моҳонаи давлатҳои аъзои Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид.

***

18 декабри соли 1865 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тағйироти 13-ум ба Конститутсия оид ба бекор кардани ҳукми қатл барои одамкушӣ ворид карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1929 дар Британияи Кабир ҳукми қатл барои одамкушӣ расман бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 Ҷопон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид дохил шуд.

***

Соли 1973  Бонки исломии рушд таъсис ёфт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Қутбӣ Киром – соли 1932 — шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1963).

Декабрь 18, 2025 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст