ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
19 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
19 декабри соли 2014 дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 иштирок намуданд.
***
19 декабри соли 2018 дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
***
19 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.
19 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон.
РӮЙДОДҲО:
Соли 2016 калонтарин ҳавопаймои вақти Тоҷикистон — Boeing 767300 ба парвоз шуруъ намуд.
***
19 декабри соли 1909 клуби футболи «Боруссия» таъсис дода шуд.
***
19 декабри соли 1991 охирин маротиба ордени Ситораи Сурх супорида шуд.
***
Соли 1866 нахустин маротиба дар Русия Агентии телеграфии русӣ таъсис дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мушаррафа Қосимова — соли 1918— ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1974). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст






