ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 20, 2025 08:00

20 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

20 декабри соли 2009 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон   дар мулоқоти ғайрирасмии сарони  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.

***

20 декабри соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.

20 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.

***

Дар Панама – Рӯзи мотам.

***

Дар Русия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

20 декабри соли 2018 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи  73-юм лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои  Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд.

***

20 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.

***

20 декабри соли 1974 Эфиопия давлати сотсиалистӣ эълон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.

***

20 декабри соли 1879 Томас  Эдисон аввалин маротиба кори лампаи  сӯзишвориро нишон дод.

***

20 декабри соли 1699 Пётри I фармонеро имзо кард, ки ҷашни Соли навро дар Русия аз 1 сентябр ба 1 январ гузаронид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сафармуҳаммад Айюбӣ -соли 1945 — шоир, драманавис, Шоири халқии Тоҷикистон (1999), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995). Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Декабрь 20, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст